Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
боғбони хушсалиқаи ин манзилро пайдо карда, болои кат кӯрпача густурд, дастурхон кушод, ба ҳамсафарон чойи сабзи хуштамъ муроот карда, аз дирӯзу имрӯзи ин водии хуррам ба нақл пардохт.
Аз ҳикоёти рангини дӯсти дерин аёнамон шуд, ки солиёни пеш ин ҷоҳо як хароба, як мавзеи ноободу назарногире буда, заминҳояш бекишту самар мехуфтаанд ва мардумро нафъе намебахшидаанд. Ноумед шудану аз баҳри кишту кор баромадан ва ба манзилҳои дигар муҳоҷират кардани одамонро дида, ҷавонмарде бо номи Эгамбердӣ қасам хӯрдааст, ки даст аз домони ин талу теппаҳо намекашад, то ононро ба гулистони ҳақиқӣ, ба боғу роғот табдил надиҳад. Ӯ ба ҳамдеҳагон хитоб кардааст, ки эй ёрон, магар нашунидаед, ки фармудаанд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад. (138 калима)
Ибод Файзуллоев
11
Матнро хонед, ибораҳои феълии онро ёфта, воситаҳои алоқаи онҳоро муайян кунед.
ТАФСИ ҲАВО
Гарм. Ниҳоят гарм. Не, аниқтараш ҳаво тафсон, сӯзон, ба мисли кӯраи оташдон. Не боде мевазад, не шохи дарахте меҷунбад, не ғунҷишк пар мезанад. Осмони бекарон имрӯз батамом соф, беғубор аст. Дар баҳри каб-кабуд ва нопайдоканори он ягона ҳоким хуршед аст, хуршеди оламоро. Вай бе тарсу бим, бе ҳарос, ҳатто андаке лавандона, гӯё ки майлу ғуруб надошта бошад, шино мекунад. Бо тамоми қувват, бошиддат ба замин, ба замон, ба одамон нур мепошад, зиё мерезад, шазшаапошӣ мекунад.
Мошини боркаше бо бору бун ва чор нафар мусофираш, ки сарҳошонро бо арақчин пӯшонда буданд, аз роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё