Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хонданБАЪЗЕ МАСЛИҲАТҲОИ МЕТОДӢ
ТАРЗИ ОМӮЗИШИ ИМЛО
- Матнро бодиққат хонед.
- Тарзи дурусти навишти калимаҳои ҷудошуда ё душворро шарҳ диҳед.
- Матни имлоро дубора хонда, ба ҷузъи калимаҳои душворнавис бештар эътибор диҳед. То ҳадди имкон имлои ин калимаҳоро эзоҳ диҳед.
- Матнро бори дигар хонда, аломатҳои китобатиро шарҳ диҳед.
- Вобаста ба матн супоришҳои иловагӣ иҷро намоед.
УСУЛҲОИ ТАКМИЛИ НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО
- Иншо ё нақли хаттиро се маротиба хонед:
- Бори аввал ба ғояи асосӣ, пайдарҳамии фикр ва мазмуну мундариҷа эътибор диҳед. Тафсилоти барзиёд ё бемаврид бояд ҷой надошта бошад. Баъзе лаҳзаҳои муҳимро ишора намоед. Ҷойҳои ишорашударо ислоҳ кунед.
- Бори дуюм хатоҳои грамматикӣ, қоидаҳои имлоӣ (орфографӣ), аломатҳои китобатӣ ва дигар норасоиҳоро аз назар гузаронед.
- Бори сеюм онро бо овози шунаво баланд хонед. Агар зарур шуморед, ба он тағйироти иловагӣ ворид намоед.
НАҚШАИ ТАҲЛИЛИ МАТН
Бояд дар он:
- Матлаби асосии матн дарҷ шуда бошад.
- Калимаю ибораҳои мувофиқ истифода шуда бошанд.
- Ҷумлаҳо пурра ва мукаммал ифода гардида бошанд.
- Фикр равшану возеҳ баён шуда бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо