Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Одамон фориғи кор аз ҳар гӯша омада дар ин ҷо истироҳат мекарданд. Ҷисман ё рӯҳан кӯфта шуда бошанд, омада дар гӯшаи кате нишаста як чойник чой гирифта, оби ҳавз ва акси мадрасаҳою хонаҳои кошинкории ба онҳо афтодаро тамошо карда ҳаловат мебурданд. Ба ин ҷо ҳар хел одам намеомад. Айнӣ бо дӯстони худ дар ин ҷо бисёр нишастааст, бисёр одамонро дида аз дилашон огоҳ шудааст, бисёр лаззатҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ гирифтааст. Аммо ҳоло аз он ҷиҳатҳо фикр намекунад. Ҳоло гӯё фақат чашмонаш кор мекунанд ва ба дӯкону чойхонаҳои дарбаста ва саҳни серодам менигарад, ки роҳбарони намоишро бинад. Ҳамонҳо даркоранд. Аммо касе аз онҳо ба назар наменамуд. Дари дӯкони «Баракат» низ баста буд. Анбӯҳи одамони шоду хуррам гурӯҳ-гурӯҳ сӯҳбат мекарданд...
Ӯ чанд сония ноҷунбон истод ва якбора дилаш сахт фишурда шуд. Саҳн ба назараш бенур ва берӯҳ намуд. Вай дар ин макон ҳеҷ гоҳ чунин ҳолатро ҳис накарда буд. Ҳамеша ба дилаш наздик буд ин мадраса. Дар куҷое, ки бошад, дар кадом ҳолате ки бошад, аз дарвозаи ҳамин мадраса, ки даромад, худро дар хона ҳис мекард, дилаш ором мегирифт ва ҳатто пур мешуд, ки ба манзил расидааст. Осон ба даст наомада буд ин манзил. Баъд аз дидани сахтиҳои зиёд, баъди даҳ соли дарбадарӣ бо мадади беғаразона ва пули Садри Зиё ин манзил насиби ӯ гардида буд ва ҳамин ҳуҷраву ҳамин мадраса дар назараш азизтарин гӯшаи олам менамуд. Ёди он рӯзҳо ҳам азиз буд бешак. Рӯзи кӯчида омадан, рӯзе, ки «сарпаноҳ ёфтам»-гӯён худро аз як даҳмаса озод ҳис кардан, боз рӯзҳои бо Садри Зиё вохӯрдан ва дар маҳфилҳои адабии хонаи ӯ бо аҳли фазл шинос шудану сӯҳбатҳои онҳоро шунидан, рӯзҳои хуби ҳаёташ буданд. Маҳз тасодуфи бо Садри Зиё вохӯрдан боис шуд, ки Садриддин, писари ятиммондаи Хоҷа Саидмуроди Соктарегӣ ба Бухоро хондан омад ва имрӯз Айнӣ шуд. Аввалин мунакқидаш ҳам ӯ буд. Аввалин шахси истеъдоди адабии ӯро эътироф карда ба тазкира даровардагӣ ҳам ӯ буд. Аввалин шиносоимаш бо осори гаронбаҳои Аҳмади Дониш низ тавассути ӯ ба вуқӯъ пайваст. Нахустин тағйироти фикрӣ ҳам ҳамон вақт рӯй дод ва ба оламу одам бо чашми ибрат менигаристӣ шуд, аз паи маорифпарварӣ рафт. Дар ин рӯзҳои фалокатбор чӣ ҳоле дошта бошад вай?
Дили Айнӣ ширин-ширин гум зад.
Вале ҳоло ин макони азиз — мадрасаи Кӯкалтош ба назараш мазори бешифоро мемонд — нур надошт, ҷозиба надошт. Ҳатто, ҳашамат ва нақшу нигораш гӯё ранг бадал карда буданд, тароват гум карда буданд. (604 калима)
Ӯрун Кӯҳзод

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо