Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
мешавад, ки халқи тоҷик метавонад ҳама мушкилоти худро аз сари роҳаш дур андохта, дар ояндаи наздик — эҳтимол ситорашиноси маъруф Павел Глоба низ ба таваккал пешгӯӣ накарда буд — аз ҳар ҷиҳат ба тараққиёти пуравҷ ноил гардад. Албатта, аввало вобаста аз он аст, ки мо — яъне, мамлакат, ҷамъият, вазифаҳои Сарвари давлат дар паёми худ мушаххас таъкиднамударо то чӣ андоза дар амал дуруст татбиқ хоҳем кард.
Аз паёми Президент равшан бармеояд: вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди сазовори миллат пойдор намудани ваҳдат мебошад. (110 калима)
Саттор Турсун
34 Калимаҳои ҷумлаи якум ва чорумро ба ҳиҷоҳо ҷудо намуда, қолабҳои заданокии онҳоро муайян кунед.
МАЙДОНИ ҲАРБ
Дар ҳар ҷо-ҳар ҷои осмон абрпораҳои сафед баланду беҳаракат меистоданд. Домани шафақ дар партави офтоби фурӯ рафтаистода лолагун гардида, аз байни шоҳу навдаҳои ҷафси ҷангал гулхани бузургеро мемонд. Аскарон дар зери дарахтон гурӯҳ-гурӯҳ нишаста, хӯрок мехӯрданд.
Ғурриши тайёрае ҳамаро ба по хезонд.
— Аз ғурришаш тайёраи душманро мемонад, — гуфт афсари ҷангдидае.
Командир фармон дод, ки анҷому аслиҳаҳои ҳарбиро аз вагонҳо фуроранд. Тайёраи сиёҳе як намоён гардиду ба қатора наздик нашуда, ба зудӣ ғайб зад. Зениткаҳоро ба кор даровардан бефоида буд. Аскарон саросема ба вагонҳо часпида бор мефуроварданд.
Лаҳзае нагузашта, дар фазо се тайёра пайдо шуданду ҷангалро зери бомба гирифтанд. (100 калима)
Ҳабибулло Назаров

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё