Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
32
Ду калимаи матнро таҳлили фонетикӣ кунед.
АРСАИ АДАБИЁТ
Адабиёт ба мисли чаманзор мазраи рӯиданҳост. Ва ҳар яке аз рӯида ба худ хос накхатеву намое дорад. Ҳангоми онро шамидан инсон мехоҳад лаҳзае махмур бошад. Аз дунӯи тахайюли* хеш қадре бинозад, дар бараш роҳат барад, нерӯ бигирад. Ва чун ба худ омад, бо қуввае даҳчанд аз дунболи зиндагӣ равад.
Шахси эҷодкор пайваста мекушад барои муштариён* як фазои рангину батаъсир муҳайё созад. Вале дар айёми душвор наметавонад гулвожаҳои бо эҳсос парпардаи хешро сари вақт ба хонанда расонад. Ва агар равзанае боз мешавад, он ҳам ба андозае чашмаки дар. Мазмун, ба фосилаи дароз ва теъдоди бисёр кам ба табъ мерасад китоби қаламкаш... (101 калима)
Саттор Турсун
ЛУҒАТ
тахайюл – хаёл кардан, тасаввур намудан
муштариён – талабгорон, толибон
33 Матнро хонед ва феълҳояшро аз рӯи сохт гурӯҳбандӣ кунед: сода, сохта, маркабӣ.
ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Оҳанг ва мазмуни Паёми Президенти мо, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти кишвар, чӣ тавре ба
гуфтугӯи дипломатӣ роиҷ аст, ба кас эҳсоси некбинӣ
мебахшад. Ҳар як шаҳрванди мамлакат аз таҳти дил умедвор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё