Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Китобро барҳақ манбаи илму дониш, сарчашмаи хирадмандӣ, асоси маданияти миллӣ ва пояи тамаддуни ҷаҳонӣ мегӯянд. Фарҳанги инсонӣ, албатта, танҳо аз китоб иборат нест. Ғайр аз китоб он дину оин, хату алифбо, меъморӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Илмҳои гуногун адабиёт ҳам таърих ҳам маданиятро ташкил медиҳанд. Лекин асоси ҳамаи ин намудҳои маданият китоб мебошад. Агар бо мурури замон, дар натиҷаи гармову сармо, ҷангу ҷидолҳо, офатҳои табиӣ, сӯхторҳо ҳама намудҳои маданият аз байн раваду лекин китоб боқӣ монад, ба фарҳанг зарар немерасад. Чунки наслҳои оянда дар натиҷаи ковишҳои археологӣ он китобҳоро пайдо карда, онҳоро мутолиа намуда, дар бораи тамаддуни як вақтҳо гумномшуда хабардор мешаванд. Агар китобҳо аз байн раванд, дар бораи он маданиятҳои қадимӣ касе хабардор шуда наметавонад, ё аз онҳо танҳо ном мемонад, бас. Барои ҳамин асоси дониш, ба гуфти шоири шаҳири форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ «фурӯғи субҳи доноӣ», танҳо китоб буда метавонад. Инсон бо сабабҳои мухталиф ҷаҳонро сайр карда натавонад, лекин вай бисёр мутолиа кунаду китобро аз дилу ҷон дӯст дорад, бузургии дунё дар пеши чашми ӯ кушода мешавад. Чунки дар натиҷаи мутолиаи пайваста ҷаҳонбинии вай васеъ мешавад ва ба воситаи китоб дониши худро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад.

Пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон вобаста аст. Ҳамин ки одамони қадим хатро ихтироъ карданд, китобҳои қадима ҳам пайдо шуданд. Дар замонҳои қадим одамон дар рӯи санг, чӯб, сафол, баргҳои дарахтон, устухон ва ғайра менавиштанд. Ин навиштаҷотҳо китобҳои аввалин мебошанд. Баъдтар дар Мисри Қадим папирусро кашф карданд. Акнун дастнависҳоро дар рӯи папирусҳо менавиштанд. Китобҳои папирусӣ зиёд шуданд ва аввалин китобхонаҳо ба вуҷуд омаданд. Лекин инкишофи ҳақиқии китоб ба ихтирои қоғаз вобаста аст. Назар ба чӯбу санг ва папирус дар қоғаз навиштан ва китоб сохтан хеле хуб ва осон буд. Китобҳои гуногун дар соҳаҳои мухталифи илму адабиёту санъат сол то сол зиёд мешуданд. Ба воситаи китоб оммаҳои васеи аҳолӣ саводнок мегардиданд. Китобхонаҳои

пешина
аз 275
навбатӣ