Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҳақиқат он рӯз, яъне 22 июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони тоҷикӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин мекунад. Илова бар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.

Забони модариро гум кардан носипосӣ нисбат ба Модару Ватан аст. Хитоби устод Лоиқ Шералӣ ба нишони ғафлатзадагон айни муддааст:

Заҳр бодо шири модар бар касе,
Кӯ забони модарӣ гум кардааст.

Соли 2008, ки Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон шуда буд, моро водор мекард, ки дар роҳи татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забони тоҷикӣ мусоидат намоем. (620 калима)

Халфабобо Ҷумъазода

2 Дар мавзӯи зерин мустақилона нақле тартиб диҳед.

КИТОБ — МАНБАИ ДОНИШ

Аниси кунҷи танҳои китоб аст,
Фурӯғи субҳи доной китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

пешина
аз 275
навбатӣ