Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

тараққиёти тамаддуну фарҳанги эронӣ мусоидат
менамуданд.

Самарқанд дар замонҳои ҳукмронии қарохониҳо яке аз марказҳои муҳимтарини ривоҷи забон ва адабиёти форсӣ гардид. Доираи ҳунармандони шаҳр хеле афзуд. Дар ҳудуди Самарқанди қадим, дар работ бозори тиҷорату касбу ҳунар гарм шуд. Ҳунармандон мисли мисгарон, сӯзангарон, кулолгарон, бофандагон дар гузар – маҳаллаҳои махсус ҷамъ омада буданд. Эҳтимоли қавӣ бар он аст, ки гузари маъруфи Самарқанди имрӯза – «Сӯзангарон» шояд дар асри қарохония пайдо шуда бошад. Сӯзангарӣ ҳунаре буд, ки бо сӯзан рӯи матоъ аз абрешиму ресмон нақшу нигор меандохтанд ва соҳибони ин ҳунарро «сӯзангар» мегуфтанд.
Ҳоло гузари «Сӯзангарон» ҳасту ҳунармандони сӯзангар дар ин гузар нестанд.

Аз миёни ҳунармандони Самарқанд бисёр шахсоне зуҳур карданд, ки дар илму дониш ва шеъру адаб аз саромадони рӯзгор буданд. Шоири номдор Сӯзании Самарқандӣ ҳунари сӯзангарӣ доштааст, шоири дигар Ҷаннатии Банно меъмор ва бинокор будааст, дигар шоири машҳур Наҷҷории Самарқандӣ касби худро лақаби шоирӣ интихоб кардааст, Максуди Ёқутии чулоҳ аз бофандагон - нассоҷон будааст...
Ин ҳама гувоҳи он аст, ки касбу ҳунар дар Самарқанд хеле ривоҷ ёфта ва дар ҷомеаи он замон ҳунармандон шахсони обрӯманд ва мӯътабар будаанд. Ривоҷи ҳунармандии худ шоҳиди тараққиёту болоравии шаҳр аст.

Самарқанд то аввали асри XIII пойтахти давлати
қарохониён буд. Гоҳе дар ин ҷо султонҳои салҷуқӣ истило
меёфтанд, гоҳ хоразмшоҳиён тасаллут меҷустанд, аммо шаҳр
ва мулк ба ном аз қарохониён буд. Ман ҳоло ки ин сатрҳоро
менависам. Самарқанди асри XII -ро дар худ тасаввур
мекунам. Он шаҳре, ки имрӯз аз кӯчаҳои он қадам мезанам,
дар асри XII қариб ба ҳамин тарҳ пеши назар мутасаввир
мегардад. Дар тасаввури ман он вақтҳо шаҳр бештар боғу
маргзор дошту бештар ҷӯю ҷӯйборҳо аз миёни шаҳр ҷорӣ
мешуданд. (405 калима)

Расул Ҳодизода

пешина
аз 275
навбатӣ