Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
онҳоро бо ресмонҳое, ки аз пашми бузу гӯсфанд дар вақти чаронидан метофт, дӯхта ба пушти худ андохта, номи инро «ҷома» мениҳод. Чармҳои пӯсидаро ба пои худ печонида, номи инро «ҷорук» ё ки «мукӣ» мегуфт, талқону қурутҳои кирмзадае, ки ҳар рӯз аз тарафи Арбоб дода мешуд – он ҳам на ба қадри серӣ — бо бехҳои гиёҳи кӯҳӣ таоми пагоҳӣ, пешиниву бегоҳии ӯ ба шумор мерафт.
Бечора Одина бо ин ҳама сахтиҳо аз хӯҷаин ягон бор забони хуше ва рӯи кушодаеро надид, балки ҳар вақт ки ба ӯ рӯ ба рӯ мешуд, бесабабу бебоис ҷанг, дашному ҳақорат мешунид. Арбоб Камол агар аз ҷои дигаре ва ба сабаби дигаре хашмгин шуда бошад ҳам, дили худро бо дашноми додани Одина холӣ мекард ва кинаи дигаронро аз ӯ мекашид. Масалан, як қарздораш қарзи худро сари ваъда ба ӯ надодааст, Одина ҳақорат мешунид, ё роҳи Самарқандро барф гирифта гузаронидани гӯсфанд ба он тараф кам ва ба ин сабаб дар Қаротегин нархи чорпо арзон мешуд, Одина сазовори дашном мегардид.
Агар ба ногоҳ кӯтохие аз Одина сар мезад, агарчи ин
кӯтоҳӣ бе ихтиёри ӯ шуда бошад ҳам, Арбоб рӯзи равшанро
ба чашми ин бечора шаби торик мекард. (463 калима)
Садриддин Айнӣ
ЛУҒАТ
ғарака тақсим кардани моли мерос
роича эътиборнок, ба кор раванда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ