Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
гуногунфикру гуногунақида будан, имрӯз ду мақсад муттаҳид мекард, ду фаҳмиши ҳаёт онҳоро ба ду олам тақсим карда буд ва аз ин рӯ пиллаҷо ҳам дуто буд.
Мардуми ба шӯр омада он рӯзи баҳор умеди офият ва беҳбудӣ, умеди ширину талх аз ду даргоҳ доштанд – аз даргоҳи қадим ва ҷадид. (394 калима)
Ӯрун Кӯҳзод
ЛУҒАТ
қадим – куҳна
ҷадид – нав
17
Имлои пайвандакҳоро дар ҷумлаҳои мураккаб гӯед.
АЗ ТАЪРИХИ САМАРҚАНД
Асри Х ҳанӯз ба охир нарасида буд, ки давлати Сомониён ба завол наздик омад. Дар сарзамини бузурге, ки Сомониён дар давоми як аср халқҳоро муттаҳид карда, равнақи давлати худро таъмин намуданд, сулолаҳои туркнажод ба ҳукумат расиданд.
Сукути Сомониён ва ба сари кор омадани туркон ҳарчанд бо муборизаҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, аммо кор ба горату тороҷ ва харобии мулк оид нашуд. Ду шаҳри бузурги Сомониён – Бухорову Самарқанд ҳамчун марказҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва маданиву фарҳангӣ мавқеи худро ҳифз намуданд. Дар ин ду шаҳр туркони қарохонӣ тасаллут ёфтанд. Қарохониён аслан аз Туркистони шарқӣ (музофоти Синзяни Чини имрӯза) хуруҷ намуда, қабилаҳои мухталифи туркнажодро ба ҳам муттаҳид намуда буданд. Ҳукмронҳои қарохонӣ Самарқандро маркази давлати худ қарор доданд, аммо худ ҳамчунон сокини саҳрову бодия буданд. Онҳо аз Самарқанд бочу андоз мегирифтанд ва ба ривоҷу равнақи ҳаёти шаҳр монеъ намешуданд, балки мисли туркони ғазнавию салҷуқӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ