Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Оҳанг ва истифодаи аломатҳои китобат дар калимаю ибораҳои муроҷиатшуда чӣ гуна аст?

ҲУНАРИ ИНСОН

Дар воқеъ ҳам қалби нерӯгоҳ дар собиқ маҷрои дарёи Вахш, дар миёни ду кӯҳи урёну тирафом – Нор ва Сандӯқ – бунёд мегардад. Кӯҳнавардон ба тани мазбути Нор, ки аз бари он ҳар дам сангӯ сангрезаҳо ғелида, ба шуғли бинокорон халал мерасонанд, гоҳо боиси фалокат ҳам мешуданд, бо як санъати баланд симтӯр кашидаанд. Аз синаи кӯҳи Сандӯқ бошад, роҳи васеи мошингард гузашта, шабу рӯз ба сохтмони сарбанд хизмат мекунад.

Ман бо ҳайрат ба иморати нерӯгоҳ чашм медӯзам. Вай чунон манзараи дилкаш дошт ва он қадар чароғон буд, ки гумон мебурдед аз осмон ситора мерезад. Аз гирду пеш, аз зери дасти кафшгарон села-села шарора пош мехӯрд. (105 калима)

Саттор Турсун

Муайян кунед, ки ин нақл ба кадом услуб тааллуқ дорад.

ЁДИ АЙЁМИ БАЧАГӢ

Дар берун авҷи баҳорон буд.
Борони найсон меборид...
Вай аз шохаҳои сабзи дарахтон, ки дар саҳни беморхона бо шукӯҳ қад кашида, ба дилу дида гӯё нуру сафо мебахшиданд, чашм канда наметавонист. Хаёли дардолудаш ба ҳар кӯй сар мехалонд; ҳама умеду орзуяшро барбодрафта мепиндошт. Қалби пурэҳсосаш афшурда... беихтиёр кӯдакии худро пеши назар меовард, – он айёмеро, ки дар паноҳи модару меҳрубониҳои падар буд. Аз ғами дунё дар канор мегашт, тани сиҳату дили беғам дошт. Осмон барояш ҳама рӯз мусаффо буд, замин дар зери пояш парниёни ҳафтрангро мемонд.

пешина
аз 275
навбатӣ