Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Нигоҳи хастаи ман нӯги дарахтҳоро гузашта, бар дӯши теппаҳои тару сабзахез медавиду аз ин мӯъҷизаи шигифтангези табиат ҳайратам меафзуд: дар гӯшаи осмон Камони Рустам дамида, хаёле ба теғаи пурбарф мехалид. Тарҳаш хираю ғуборандуда, ҷилои рангҳояш каме коста, таровиши нафосаташ ҳанӯз норасо, вале ба чашму дил фораму азиз. (109 калима)

Бароти Абдураҳмон

26
Яке аз ҷумлаҳои содаро таҳлил кунед.

БИБИРУХСОРА

Инак, ғайр аз шилдироси оби ҷӯйбор дигар садое шунида намешавад. Ҳаво салқин аст. Ҳамон бодаки серун ба пардаи дари хона сабук печида, аз роғи таки он дам ба дам сар мехалонад ва ман хоса ҳаловат мебарам аз ин. Ҳоло дигар намебарояд овози Бибирухсора. Вай ба чӣ машғул бошад? Аз Суҳайло низ садое немерасад. Саҳни ҳавлӣ об задагӣ барин дар ҳалқаи сукут қарор дорад. Лаҳзае пас онро аз дуриҳо ғур-ғури кадом трактор халал оварда, баъде фурсате якбора хомӯш мегардад. Боз сукунат. Ба мисли дирӯз ё парерӯз овози кӯдакони Хуросон ҳам намеояд, Бибирухсора онҳоро гирифта, чоштгоҳ ба дидори падараш рафта буд. То бегоҳ бояд баргарданд. (109 калима)

Саттор Турсун

пешина
аз 275
навбатӣ