Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

буда, ба табобати баъзе касалиҳои инсон ёрии бисёр мерасонад. Ҳамчунин, об дар рӯзгор пеш аз ҳама барои таъмини гигиенаи инсон, тозагии муҳит ва ҳамчун воситаи таъмини талаботи рӯзмарра ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар ҷаҳон таъмини аҳолии кураи замин бо оби тоза яке аз мушкилоти муҳим ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин мушкилот дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ, инкишофи илму техника, аз худ намудани дашти заминҳои бекорхобида ва васеъ намудани доираи фаъолияти инсон ба вуҷуд омадаанд. Аз ин лиҳоз, вазъи бади экологӣ хатари ҷиддиро ба бор овардааст. Олимон инкишофи аҳолӣ ва илму техникаро ба назар гирифта, ба хулосае омаданд, ки дар солҳои наздик дар ҷаҳон таъмини оби ширин ба яке аз мушкилоти аввалиндараҷа табдил хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, имрӯз ба қадри захираи оби тоза бояд расид ва онро сарфакорона истифода бурд. Лозим меояд, ки манбаъҳои оби тозаро аз партовҳои саноатӣ ва ифлоскунандаи муҳити зист эҳтиёт намоем. Ногуфта намонад, ки бо ташаббуси СММ соли 2003 – соли Оби тоза эълон шуда буд. Ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст ин кори хайр заррае ҳам бошад, мадад расонад. Иқдоми зикргардида қобили дастгирист, зеро имрӯз маҳз аз ифлосии оби нӯшокӣ бисёре аз шаҳрвандон ба касалиҳои гуногуни сирояткунанда гирифтор мешаванд, ки ин ба вазъи солимии ҷомеа хатари ҷиддӣ меорад.

Аз рӯи захираи оби тоза Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад. Захираи оби Тоҷикистон аз кӯҳҳои сар ба фалалкашида сарчашма гирифта, дорои ғизоҳои гуногуни маъданиву табобатӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дорои обҳои табобатӣ низ мебошад, ки барои табобати касалиҳои гуногун заруранд.

Дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва такмили
соҳаҳои хоҷагии халқ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи
иҷтимоиву иқтисодии кишвар, таъмини об барои хоҷагиҳои
кишоварзӣ мавқеи муҳим дорад. Баракати кори деҳқон маҳз
аз фаровонии об аст, ки ӯ тавонад ниҳоли парпардаашро
шодоб гардонда, барои дастурхони халқ неъматҳои моддӣ
биофарад. Ин амал метавонад бар: баланд бардоштани

пешина
аз 275
навбатӣ