Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Бадахшону Зарафшон.
Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора-пора байни фарзандон!

Ай, Ватан! Фидои ҳар қатраи обат ҳастам, ҷонсупори ҳар зарраи хокат. Хорат бароям гулу ҷангат бароям парниён. Гандумвор аз заминат сар мезанам. Уқобвор дар фазоят бол меафшонам. Аз даштҳоят ҳиммат омӯхтаму аз имрӯзат адолат. Ту дар ман зиндагӣ кунӣ, ман дар ту. Ба саҳроҳоят сина моламу бо пудинаҳоят атр фишонам.

Ман вақте ман шудам, дидам, ки ба ҷуз ман ту ҳастӣ. Туро аз ту ёфтам, худро аз ту ёфтам. Бо туям. Ту дарахтиву ман як баргат. Ту кӯҳиву ман як резасангат. Рубобе ҳастам, дар ман садо диҳӣ, шуое ҳастам, аз ишқат шамс гардам. Бе ту хандаам гиря аст. Бо ту гиряам ханда. Бе ту ҳечам, бо ту ҳама чиз. Агар ба ту, ай дилу виҷдон, ай, ҷону имон, хиёнат кунам, бигузор ҷисмам пора-пора шавад ва бар ману авлоди ман лаънати пойдор бимонад, ай, Тоҷикистони азизи ман! (393 калима)

Аз китоби «Ҳунари иншонависӣ»-и Абдусамади Мулло, Маҳмадшарифи Рустам

11

Ҷумлаҳоро хонда, ба ҷойи муносиб вергул гузоред.

ОБ – ҶОНИ ТАБИАТ

Орс, ҳаёти инсон бе об вуҷуд дошта наметавонад. Об дар рӯзгори инсон талаботи рӯзмарра ба ҳисоб рафта, нисбат ба дигар ғизоҳо... бештар истифода мегардад, ҳаёти инсонро бе об тасаввур кардан мумкин нест. Дар ҳаёти инсон об бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешавад. Пеш аз ҳама об ғизои организми инсон ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи саломатӣ нақши муҳим мебозад. Аз нигоҳи тиб истифодаи оби тозаи ширин барои саломатии инсон зарур

пешина
аз 275
навбатӣ