Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Воситаи алоқаи ҷумлаҳои содаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъро гӯед.

ТАВОФИ ТУРБАТИ БУЗУРГОН

Рӯз дар кашокаши тафбоди хашмгин ба поён мерасад, рӯзи охирин. Наход мо аз зиёрати оромгоҳи ҳазрати Бедил ноком баргардем? Не, Худованди корсоз ҳамеша мушкили бандаҳояшро осон мекунад. Қариби ғуруби офтоб телефон занг зад. Гӯширо бардоштам. Убайдулло Раҷаб мужда расонд, ки ҳозир Қосимӣ – устоди донишгоҳи Деҳлӣ меояд ва моро ба зиёрати мазори Бедил мебарад. Чӣ хубе!

...Дар масофаи понздаҳ-бист қадам мақбараи хоксоронае ба чашм расид. Худоё, оромгоҳи он шоири ринду сӯфимашраб, каландармаоби пуршӯр ва орифу файласуфи пурзӯр, ки маънои суханаш ба ҳафт қабати замин, печиши хаёлҳои рангинаш то хуршеду моҳу ситораҳо мерасаду истеъдоди ҳаллоқияташ асрҳо боз бузургтарин мардони илму адабро дар ҳайрат гузошта, аз дарӯи афкори меҳрангезаш танҳо ошикони содиқ ва мӯшикофони ҳозиқ бо ҳазорон кӯшишу таҳқиқ дурдонае ба каф меоваранд, ҳамин тавр аст? Пеши ному осори ӯ аз дуриҳои дур бузургтарин суханварону донишмандон ва ҳунармандону наққошон сари таъзим фуруд оварда. Шоирони маъруфи мо Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Туғрали Аҳрорӣ чун мухлис умре дар пайравии Мирзо Бедил шеър гуфтаанд: Ҳоҷӣ Ҳусаини Хатлонӣ баъди тавофи Каъбаи мукаррама маҳз ба нияти зиёрати хокдони ҳазрати Бедил ба Ҳиндустон рафт. Ва ба гуфте шаш моҳ ҳар субҳ дида ба лавҳи мазори эшон молиду осори ӯро омӯхт...

Масоҳати мазор бузург нест. Яқин бо мурури замон онро бурида-бурида танг кардаанд. Аҷоиб, чор-панҷ метр дуртар аз мақбара байни гӯрҳои куҳна чанд кашраи қатрону селофанпӯш ва занону кӯдаконе ба чашм мерасанд. Онҳо назди оташдонҳои аз сангу хиштипораҳо сохта машғули пухту пазанд. Воқеан дар Деҳлӣ бари роҳ, зери левору дарахтон, харобазорҳо зистани одамон бисёр мушоҳида кардем. Лек дар гӯристон умр ба сар бурдани одамон дар

пешина
аз 275
навбатӣ