Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Абулмаҳонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил дар ҳамин хок ба дунё омада, аз ин ҳавою фазои маънавӣ фазлу камол ёфта. Давроне, ки шеъри форсӣ дар зодбуми хеш коҳил, бо шоҳкориҳои беназир ба чамани як каме хазонрасидаи адабиёт бо тухми сухани шаффофу олӣ, бо нафаси гарму чашмаи зулоли илҳом гулҳои ҳазоррангу пури ҷовидона сабзонд ва ба он ҳусну шукӯҳе бахшид. Ва ин эҷозҳои Бедил дар қаламрави Форс ғулгула афканд. Ҳаводорони калом, шуарои давр аз шаҳомату ҷозибаи каломи хушранги Бедил ошиқи Ҳиндустон шуда, хонахез ба он диёр раҳти сафар бастанд. Баъдан дар Варорӯд, билхоса дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро бедилхонӣ, дарки маъниву фалсафаи ӯ ва баъди таълими девони Хоҷа Ҳофиз фаровардани осори Бедил куллай таҳсилу дониш маҳсуб шуд. Шояд сабаби маҳбубияти шахс ва осори гаронбаҳои Бедил дар Варорӯди қадима дар он ҳам бошад, ки вай калима, таъбир, ибора, ташбеҳҳои тоза, савти гӯйиш, масалу талмеҳҳоеро фаровон истифода бурда, ки то ҳанӯз байни мардум зиндаанд. Вале ҳақиқат ин ҷост, ки танҳо ӯ тавонист бо биниш ва афкори борику нозук, хаёлҳои шаффофу дилфиреб, бо мӯшикофӣ дар паҳнои адабиёти шуҳратманди форсӣ як қуллаи бузургу дастнорасеро бо номи сабки ҳиндӣ побарҷо гузорад. Шоирони зиёде аз саросари форсзамин бо умеду хаёлҳои офаридани осори марғубтар аз пайи Бедил сӯи қулла шитофтанд, лек бо резакорӣ дар нимароҳи мақсад саногӯи он нодирагуфтор шуданд. Магар ба Деҳлӣ омада, санги мазори он ҳазратро набӯсидан айб нест? Чанд карат ба шофире, ки дар хизмати мо буд, ин матлабро ҳам иброз доштам. Аммо ба иллати надонистани забони англисӣ тир ба ҳадаф нарасид ва зери бори ҳиҷолату алам мондем. Воқеан, дар ғарибӣ маҳз забондонӣ мушкили касро осон мегардонад, балки нерӯ ва болу параш низ мебахшад. Ин маъниро аллома Аҳмади Дониш ва нависандаи чирадасти рус Короленко дар осори хеш хеле дақиқу зебо иброз доштаанд. Касе, ки каму беш забони гуфтугӯи мардуми диёри бегонаро намедонад, ба ҳукми гунг аст.

Абдулҳамид Самад

пешина
аз 275
навбатӣ