Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дарахтро навгонӣ мегӯянд ва дар ин ҷо анъанае ҳаст, ки навгониро бояд падари хонадон ҷамъ оварад. Ин лаҳзаро завҷаю фарзандони ӯ – ҳамагон бесаброна интизорӣ доштанд. Меваҳои зарринтоби холдори шакарин расо як сатил шуданд. Ба ин муносибат дар хона зиёфат ороста гашт. Дар мобайни дастархон дар табақи кабудчатоби антикӣ, ки он рӯзҳои махсус истифода мешуд, донаҳои зардолу назаррабой менамуданд. Аз табақи зардолу бӯи хуши димоғпарваре медамид, ки якбора ба шамили дастанбӯ, биҳӣ ва лиму шабоҳат дошт. Аз ҳосили нахустин ба ҳамсояҳо низ муроот намуданд.
Бахтиёр Муртазоев

23 Ҷумлаҳоро нависед ва сохти феълҳои онро шарҳ диҳед.

ҶУСТУҶӮИ САНГ

Зиёд бо гурӯҳи дӯстону ҳамсолон дар лаби Чилучорчашма сайру тамошо кард, дар сояи бедҳои куҳан нишаст, соате фароғат намуд. Сонӣ ба назди ҳавзи калони чашма омад. Ба ин ҳавз обҳои ҳамаи Чилучорчашма аз зери харсангҳо захида, ҷамъ мешаванд ва тоб хӯрда ба ҷӯи калоне табдил меёбанд. Ин ҷӯй ба ҷониби саҳроҳои хоҷагии бунёдкори пахтакор ва чорводору боғпарвари «Бешканд» ҷорӣ мегардад...

Ҷавонон дар ҳавз шиноварӣ карда, хеле сард шуданд. Ду-се нафари онҳо ба саргаҳи чашмаи Мурод омада, ба ҷустуҷӯи санги шикофтайи суфта шурӯъ карданд. Дар ин ҷо аз замонҳои қадим таомуле ҳаст: ҳар кӣ агар чунин санге биёбад, гӯё хушбахт мешудааст.
Бахтиёр Муртазоев

23

пешина
аз 275
навбатӣ