Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ин навниҳолони зардолуро дар чорбоғҳо шинонида, парвариш карда, меваяшонро мечашанд, ки ҳатто дар ҳолати ғӯрагӣ ҳам ширинанд. Ин навъи зардолу ба номи офаридгораш Орифӣ машҳур мегардад... (104 калима)
Бахтиёр Муртазоев

21
Хонед, сохти ҷумлаҳоро муайян кунед.

ТАМЪИ ЗАРДОЛУ

...Аслан макони зардолуи орифӣ чорбоғҳои ноҳияи Қабодиён аст. Фарқи ин зардолу аз зардолуҳои дигар дар он аст, ки орифӣ вақти ғӯра будан ҳам қанд барин ширин аст, чун гул партофт, ширинии ғӯрааш оғоз мегардад. Бинобар ин, ҳам хурдон, ҳам калонсолон аз паи чашидани маззаи он мешаванд. Зардолуи орифӣ, ки имрӯзҳо дар чорбоғҳо аҳёнан як-ду ниҳол ба назар мерасанд, то пухта расидан дар шохаҳои он меваҳои каме боқӣ мемонанд. Баъди пухтан бошад, беш аз панҷ-шаш донаи онро хӯрдан мумкин нест, зеро ба ҳадде ширин аст, ки гулӯро мегирад. Ҳолиё дар боғистони Қабодиён зардолуи орифӣ ниҳоят камёб гардидааст. Як вақтҳо ин навъи зардолу бисёр мерӯидааст. (106 калима)
Бахтиёр Муртазоев

22 Хонед, ҷумлаҳои содаи таркиби онро шарҳ диҳед.

НАВГОНИ

Вақте ки аз тафту таъсири офтоби ҷавзои Бешканд меваҳо пухтанд, сардори оила амаки Абдурасул сатил дар даст ба навниҳол наздик шуд. Мардуми Қабодиён меваи нахустини

пешина
аз 275
навбатӣ