Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

қулфро ба рӯи ҳамватанон кушода, балки ба хурду бузург боли парвоз дод, ки бираванду оламу одам бибинанд, бо тафаккур ва андешаҳои тоза таҳдоб ва бинои давлати тозабунёди Тоҷикистонро зина ба зина зебову мустаҳкам бисозанд. (266 калима)

Абдулҳамид Самад

24
Навъи ҳалҳои матнро муайян кунед.

САФАРИ ШЕРОЗ

Субҳ медамид. Шероз аз хоби ноз бедор мешуд. Ман ба саҳни хобгоҳ баромада, рӯи сабзаҳои нарм қадам зада, ба теппаҳои барҳаво баромадам. Субҳи Шероз форам, ҳаловатбахш буд. Аз ҷониби кӯҳҳо ва дараҳо насими ҷонбахш вазида, майсаву себарга ва гулҳои раъноро шона мезад ва бӯи хуши садбаргу райҳон ба атроф паҳн шуда, машомро муаттар мекарду дилро ба завқ меовард. Аз карнаи радио оҳанги рақси «Бадахшонӣ» ба гӯш мерасид. Маълум буд, ки онро шаб аз концерт навишта гирифта будаанду ҳоло субҳгоҳон ба самъи мардуми бедорхоб мерасонанд.

Манзараҳои зебои водӣ, боғу токзорҳои дилангез, гулҳои рангорангро тамошокунон поён фаромадам ва дидам, ки марди боғбон аз ҳавз об кашонда, ба бехи дарахтон мерехт. Аз суҳбат маълумам гардид, ки ин ҷо аз он дарё ва ҷӯйҳои равон ва шаршараю кӯлҳое, ки Тоҷикистони ман дорад, осоре нест. Сарсабзии табиат танҳо ба туфайли чашмаҳо мебошанд, ки ин ҷо фаровон ва дар қаъри кӯҳҳои гирду атроф ниҳонанд. Серобтарин наҳри Шероз — ин наҳри Рукнобод аст, ки роҳи тӯлониеро аз байни сангҳо, теппаҳо, пастию баландиҳои зиёде паймуда, заминҳои Мусалло ва Ҳофизияро саршор мегардонад. Шояд, ба ҳамин муносибат бошад, ки Ҳофиз дар ашъори худ оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро ин қадар васф ва машҳури ҷаҳон гардондааст...

Дар воқеъ ҳам, оби Рукнобод ба хуштамъӣ ва хушлаззатин худ шоистаи тавсиф аст. Ман ба ин баъди

пешина
аз 275
навбатӣ