Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ

Дур не, ҳамин моҳ – 5 ноябр дар толори Кохи Борбад маҷлиси шукӯҳманду пурдантанае ба ифтихори Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурӣ – Конститутсия баргузор гардид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сиёсатмадорон, корпусҳои дипломатӣ, намояндагони илму фарҳанг ва аҳли меҳнат аз назокатҳо ва моҳияти хосаи Сарқонун, ки ёздаҳ сол пеш бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд, ҳарф зад. Албатта, Сарқонун, ё Конститутсия, ки бахтномаи миллат ва тамоми мардуми мамлакати мост, солгарди он пеш аз ҳама бо ҷашну бузургдошт меарзад. Чаро ки маҳз ҳамин Сарқонуни даврони истиқлол ҳуқуқ, амният ва манфиатҳои ҳар як шаҳрванд, дифои марзу бум, рушди илму фарҳанг ва тамоми ҷабҳаҳои зиндагиамонро кафолат дод; забони модариамонро давлатӣ эълон кард, Суруди миллӣ ва Парчами Тоҷикистони азизро тасдиқ намуд. Ва дар ин ҳамоиш он таъкиди Президент ба маврид буд, ки мардуми мо то ҳанӯз ба қимати сарнавиштсози ин санади бузург ҳамаҷониба сарфаҳм нарафтааст.

Оре, ин мояи хушбахтӣ аст, ки мо давлати соҳибистиқлоли худро дорем. Ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар радифи бузургтарин мамлакатҳои дунё ҷаҳониён мешиносанду эътироф мекунанд; мо – тоҷиконро ба ҳайси меросбари миллати қадимии соҳибфарҳанг эҳтиром менамоянд ва аз минбару саҳнаҳои бузурги ҷаҳон сухани Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро чун арзу садои дили мардуми Тоҷикистон мепазиранд, бо ҳунар ва савгу таронаҳои дилошӯби ромишгарон ва овозхонҳои мо бо қафкӯбӣ баҳои баланд низ медиҳанд. Ин ҳамаро замони истиқлол ва Сарқонун ба мо муҳайё сохт, зарур парвозаҳои бисёр мамлакатҳои дар гузаштаи нанҷиман дур баставу

пешина
аз 275
навбатӣ