Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Хабарҳои сода ва таркиби ҷумлаҳои матнро шарҳ диҳед.
САХОВАТМАНДӢ
Дар суҳбате подшоҳ аз Ҳотами Той пурсидааст:
— Киро медонед, ки саховати ӯ ба одамон аз саховати шумо зиёдтар аст?
Ҳотами Той андаке фикр карда гуфтааст:
— Ин хел одам ҳаст, ман худам вайро дидаам, ҳоло гӯш кунед, ки дар бораи ӯ ба шумо нақл намоям:
«Шабе ман дар як деҳа маҷбуран мондаму дар хонаи як одами ношинос меҳмон шудам. Соҳиби хона пурсид, ки ман кадом хӯрокро нағз мебинам. Гуфтам:
— Фақат гурдаи говро.
Баъд аз ду соат соҳиби хона як табақ гурдаи бирёнкардаи говро оварда, ба рӯи дастархон гузошт. Ман онро ба завқ хӯрдам. Шаб рӯз шуд, саҳарии барвақт ба рӯи ҳавлӣ баромада дидам, ки соҳиби хона ду гову ду сар гӯсолашро кушта, гурдаи онҳоро бирён карда истодааст. Ин ҳодисаро дидаму ба соҳиби хона гуфтам:
— Барои чӣ ба ризқи фарзандонатон ҷабр карда, ин тавр кардед?
Гуфт:
— Меҳмон аз падар ҳам бузургтар аст. Ман ҳар чӣ карда бошам, ба хотири меҳмон кардам.
Баъд ман ба соҳиби хона ба ивази чунин меҳмондориаш чил сар шутур, чил сар гов, як рама гӯсфанд ва боз бисёр молу чиз додам.
Подшоҳ гуфтааст:
— Шумо ба ивази ду сар гову ду сар гӯсолай соҳиби хона ин қадар молу чизу чораи бисёр додеду чӣ хел ӯро аз худатон боз саховатмандтар мепиндоред?
— Охир, соҳиби хона дар бисоташ ду сар гову ду сар гӯсола дошт, ки онҳоро ҳам бедареғ барои ман кушт. Ман бошам, аз ҳазор ҳисса молу чизам, ҳанӯз як ҳиссаашро ба ӯ надодаам. Яқин медонам, ки агар боз ӯ чанд сари дигар гову гӯсола медошт, онҳоро низ аз ман дареғ намедошт. Барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё