Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳаспуши нимвайрона буд, ки болорҳои он аз чӯби камол иборат буданд. Шамоли сахт барфу боронро ба чашмонам мезад, сар бардошта, ба атроф назар кардан мушкил буд, фақат ба пеши поям нигоҳ карда, роҳ мерафтам. Аз хаёлам мегузаронидам, ки ҳоло аз сақфи хонаам борон чакида, хезумҳоро тар кардагист. Имрӯз аз ду-се хона оши ҳалол гирам, кифоя аст, ба як сари танҳоям мерасад, беҳтараш, ки ғами гарм кардани хонаро хӯрам.

Вақте ки ба дараи чуқури селгузар наздик шудам, аз он садои минг-минги чизе ба гӯшам расид. Ман ба дара фуромада, дар байни сангҳо, дар паси буттаи хор сагчаи хурдакакеро дидам, ки аз хунукӣ ларзида, гӯё ки мегиряд.
Фақат почаҳои калта-калтаи нимҷони он ҳаракат мекарданд. Ман аз ин бозёфти худ хурсанд шуда, қатъи назар аз тару оболуд буданаш, сагчаро ба бағал гирифтам ва баъди фурсате ба хона расидам. Гумонам рост баромад: аз бисёр ҷои хона об мечакид. Як қисми дарзачаҳои хезуме, ки дар кунҷи хона гузошта будам, тар шудаанд. Аммо ин ҳол маро чандон ғамгин накард, зеро дар хонаи тангу торики сард танҳо нестам: ду тан шудем. Сагчаи ман ҳам калон мешавад, ба монанди Бӯйноқи Қурбондаҳмарда саги машҳур мешавад, ба гургон дарафтода онҳоро мағлуб мекунад. Бӯйнок гӯё чанд гургро бо синааш зада ғелондааст, вай ба қимати як аспи абзолнок меарзад, мегӯянд. Ман сагчаамро ба як аспи боафзол ҳам намедиҳам. Ба он кору ҳунарҳои бисёре меомӯзонам, ба ман ҳамроҳ мешавад...

Дам ист, нола накун, медонам, хунук хӯрдаӣ, ҳозир
алав гиронда туро гарм мекунам, — гуфтам ба вай, гӯё ки ба
додарам сухан мекарда бошам. Худро чунон хушбахт
мешуморидам, ки ба назарам на чакраи борон менамуду на
хунукӣ. (310 калима)

Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ