Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
бод, сазовор аст устод ба ҳар гуна мукофоти баланд. Бигузор баъд аз марг... Ба мо тоҷикон фарз аст, хотираи неки ӯро пос доштан, асарҳои бамағзу маъниашро на танҳо аз ёд набурдан, балки хондану омӯхтан. Адиби забардаст, таърихдони мӯшикоф Сотим Улуғзода дар зиндагӣ ба бисёр рӯзҳои сахт дучор омад...
Ду рӯз қабл, ҳангоме ба Гулназар гуфтам: афсӯс, устод дар Душанбе на фарзанде дорад, на пайванде, ки ҷашнаш шукӯҳ ёбад, вай ҳам монанди ман мутаассир шуд. Ва як қадар сукут варзида ба забон овард: боке нест, дар ҷашни муаллим худамон қафкӯбӣ мекунем. Ниҳоят, миллаташ қаф месӯбад... Бедоргар мешавем, ҳушӯртар мешавем. (336 калима)
Саттор Турсун
15
Ҷумлаҳоро хонда, мубтадояшонро нишон диҳед.
ШОИРИ ШАҲИР
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар як мақолаи таҳқиқии хеле пурмуҳтавои худ доир ба мушкилиҳои шеъру шоирӣ таҳти унвони «Вожаҳоро бояд шуст...» чунин овардааст:
«То ҷое, ки ба мушоҳида расид, соликони* сабки ҳиндӣ барои тозагии сухан, барои таровати афкор омилҳои берунаро кам истифода кардаанд. Яъне, барои бозгӯӣ латофати чеҳраи ёр моҳро гувоҳ намехоҳанд, ё намегӯянд, ки «қади ёр чун сарв аст», «лабаш барги гул...» ва ғайра. Балки онҳо омилҳои дохилиро ба кор мебаранд, калимаро аз ҷилдаш берун мекашанд, ба вай рангу бӯю овозу ҷон мебахшанд; эҳсосеро, ки дар қолабҳои маъмулиИ воситаҳои тасвир бисёр дастзада шудааст, ҷомаи дигар мепӯшонанд».
Фикр мекунам, ин гуфтаҳои ростинро ба итминони комил метавонем ба худи Гулназар низ муносиб донем. Зеро равони эҷодиёти шоири шаҳири мо, ки дар нақли шеъри тоҷик ҳанӯз бояду шояд таҳқиқ нашудааст, солҳо инҷониб маҳз аз дарёи қолаби вожаро шикастанҳо об мехӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё