Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
Ба кадом ҳиссаи нутқ ифода шудани мубтадои ҷумлаҳои матнро гӯед.
АДИБИ ЗАБАРДАСТ
Маро бештар аз ҳама сухане ба ҳаяҷон меорад, ки зарбаш ҳамоҳанги маъни омадааст. Масалан, чӣ тарзе Муъмин Қаноат ба қалам медиҳад:
Сафи тайёраҳо бори бало бар дӯш меояд,
Зи таҳхона нидои зиндагӣ бар гӯш меояд.
Садои тифли навзод ончунон пурҷӯш меояд,
Ки аз фарёди ӯ тайёраҳо хомӯш меояд...
Кас агар аз қаҳрамонии бемисли Сталинград дар солҳои бузургтарин ҷанги ҷаҳон бар зидди фашизм, ҳеҷ набушад, тавассути мутолиа як қадар бохабар аст, пас зуд идрок мекунад, ки шоир чӣ гуфтан мехоҳад. Ниҳоят ба кадом ҳадафи аслӣ қалам рондааст... Ҳарчанд гап дар ин нест ҳоло. Гап дар сари он ки қудрати калом беинтиҳо буда, метавонад ҳатто замину осмонро ба ҳам дӯзад. Алалхусус ҳангоме сухан ва маъни тавъам омада, зарбаш мусалсал садо медиҳад. Шоир дар ин чор сатр қотеона мегӯяд (ё собит месозад), ки дар пеши нерӯи ҷонбахши зиндагӣ ҳеҷ аст ҳама даҳшати танку тайёраҳо, ҳама оташи вазнину сабуки тӯпҳо. Чӣ дар замин ва чӣ дар осмон...
Дар ҳақиқат, агар ба олами ҳастӣ як қадар ба назари фалсафӣ нигарем, пас дар паҳнои ин коиноти беохир нидои тифлаки навзод метавонад саф-саф тайёраҳои оташафканро зери забар гардонад! Албатта... Чаро не? Бигузор маҷозан, бигузор ба қудрати сухани шоир... Лекин метавонад! Фардо аҳли ҷамоати пойтахт бо иштироки намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ дар Театри опера ва балет навадсолагии устод Сотим Улуғзодаро ҷашн мегирад. Саҳарӣ бо фармони Президенти кишвар ба ордени Исмоили Сомонӣ қадр гардидани хизматҳои ин марди дар арсаи адабиёт қаҳрамонро шунида, беҳад хурсанд шудам. Равонаш шод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё