Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

омада ва бӯи он мурдор ӯро кашон-кашон ба лаби он чоҳ расонид. Бо худ гуфт:

«Агарчи аз бӯи ин мурдор димоғи орзу муаттар аст, аммо бӯи бало низ ба машоми эҳтиёт мерасад ва оқилон ба коре, ки эҳтимоли хатар дошта бошад, ҳаргиз даст назадаанд.

Ҳар куҷо хатти мушкиле бикашанд,
Ҷаҳд кун, то буруни хат бошӣ.

Ва агарчи мумкин аст ин ҷо ҷонвари мурда бошад, шояд дар зери он доме гузошта бошанд.

Маар-туро чун ду кор пеш ояд,
Ки надонӣ кадом бояд кард,
Он ки вай дар мазаннаи* хатар аст,
Он-т бар худ ҳаром бояд кард.
В-он ки бе хавфу хатар бошад,
Ба ҳамонат қиём бояд кард».

Рӯбоҳ ин фикр карда аз сари он мурдор даргузашт ва роҳи саломат пеш гирифт. Дар ин асно Паланги гуруснае аз болои кӯҳ даромад ва ба бӯи мурдор худро ба чоҳ афканд. Сайёд чун овози дом ва садои афтодани ҷонварро дар чоҳ шунид, тасаввур кард, ки Рӯбоҳ ғалтид. Аз ғояти ҳирс, бе он ки таҳаммуле кунад, худро аз паи ӯ дарандохт. Паланг ба хаёли он ки ӯро аз хӯрдани мурдор манъ хоҳанд кард, барғазафт ва шиками сайёд бидарид.

Сайёди ҳарис ба шумии ҳирс дар доми фано афтод ва Рӯбоҳи конеъ ба қатъи тамаъ аз вартаи бало наҷот ёфт. (274 калима)

Ҳусайн Воизи Кошифӣ

ЛУҒАТ

мазанна гумон
он-т он чизро

пешина
аз 275
навбатӣ