Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
бинишин, то аз он хона низ баҳра биёбӣ. Он гоҳ дар хонаи гарм рав ва он ҷо як замон бинишин, то ҳаззи хонаи гарм низ биёбӣ. Чун гармии гармоба дар ту асар кард, дар хилватхона рав ва сар бишӯй.
Ва бояд ки дар гармоба бисёр мақом накунӣ ва оби сахт гарму сахт сард бар худ нарезӣ, бояд ки муътадил бошад. Ва агар гармоба холӣ бувад, ғанимате бузург бошад, ки ҳукамо гармобаи холиро ғанимат донанд аз ҷумлаи ғаниматҳои бузург.
Чун аз гармоба берун ой, мӯйро сахт хушк бояд кардан, он гоҳ берун рафтан, ки бо мӯи тар ба роҳ рафтан на кори хирадмандон бошад ва на аз они муҳташамон*. Ва низ аз гармоба берун омада бо мӯи тар пеши муҳташамон рафтан нашояд, ки дар шарти адаб нест. (262 калима)
Унсурулмаолии Кайковус
ЛУҒАТ
аъсобу мафосилҳо – асабҳо ва банди устухонҳои бадан
ҳазз – баҳра, насиба; хуррамӣ, лаззат
муҳташамон – соҳиби ҳашамҳо ва хизматгорони бисёр; бузургон, соҳибони шаҳомат
7
Дар порчаҳои шеърии ҳикояти зерин чаро он-т ва в-он ба кор рафтааст?
ҲИКОЯТ
Сайёде рӯзе дар саҳро мегузашт. Рӯбоҳе дид бағоят ҷусту чолок, ки дар фазои он дашт мегашт ва бозикунон дар ҳар ҷониб ҷилва менамуд. Ба сайёд мӯи ӯ хуш омада, ба баҳои тамом фурӯхтани ӯро тасаввур кард ва дар пайи Рӯбоҳ гашта, сӯрохи ӯро донист ва наздики сӯрох чоҳе канда, бо хасу хошок пӯшида, мурдоре ба болои он гузошт. Хул дар камин мунтазир нишаст. Иттифоқо Рӯбоҳ аз сӯрох берун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё