Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

лозим ба арсаи адабиёт омадани нав ба нав адибон? Аз ин фикр чунин маънӣ бардоштан намешояд, ки нависандагони мо дар офаридани асарҳои бадеӣ аз устод гӯё устодтар шудаанд. Не, ман чизи дигар гуфтаниам. Ба ҳар як олим, ба ҳар як шоир, ё носир, ба ҳар як ходими давлатӣ, ё сиёсӣ... умуман ба одамони машҳур, аз бурҷе бояд назар афканд ва баҳо дод, ки ӯ дар замонаш ба таҳқиқоти худ, бо сиёсати пешгирифтаи худ... ба халқу Ватан чӣ хидмате кардааст. Аз ин ҷиҳат хидмати устод Айнӣ бебаҳост. Ва мо, ҳама адибони тоҷик, балки тамоми халқ дар назди рӯҳи бузурги ӯ зиёда қарздорем.

Саттор Турсун

Ҷумлаҳои сода ва мураккаби матнро ҷудо кунед.

ВАФО БА ҚАВЛ

Вақте ки ман аз зери лампаи овеза мегузаштам ва соям ба девори муқобил афтод, ба назар Мирзо Абдувоҳид намоён шуд, ӯ аз омадани касе, ки ҳеҷ чашм надошт, ногаҳонӣ хабардор шуда, як қад парида аз ҷояш хест ва монандӣ аскаре, ки фармони «ба пушт баргард»-и командирро шунида бошад, бо чолокӣ ба пушт баргашта, дар рӯ ба рӯи худ маро дида, лаҳзае бе ҳису ҳаракат монд ва баъд аз он ба гап даромада:

– Оббо! Кунҷкови беамон-э! Ман «аз ин қорам охир ту хабардор хоҳӣ шуд» гуфта метарсидам. «Омад ба сарам ҳар он чӣ метарсидам», – гуфт ва илова кард: – Биё, биё бишин, ки ман саргузашти якҳафтагии худро ҳикоя кунам.

Ман мехостам бишинам, ӯ гӯшаеро, ки аз гарду ғуборҳои сафед тоза карда шуда буд, нишон дода гуфт:

– Ана ин ҷо бишин, дар ҷои дигари ин ҳуҷра нишинӣ мумкин аст, ки либосат олуда шавад. Ман нишастам, аммо ӯ манишаста:

– Ман дарро баста, чароғи даҳлезро хомӯш карда оям, рӯз шуда истодааст, боз ягон каси дигар омада наларояд, гӯён

пешина
аз 275
навбатӣ