Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

шукри ин рӯзҳо, шукри ин давру замон мекарданд мӯйсафедони куҳансоли шаҳри куҳан. (324 калима)
Ибод Файзуллоев

4 Аз матн се ибораро ҷудо кунед ва гӯед, ки кадом ҳиссаи нутқ ҳамчун калимаи тобеи ибора истифода шудааст.

САБАҚ АЗ МАКТАБИ АЙНӢ

Шумо пурсид, ки аз устод Айнӣ чӣ омӯхтам. Ба ин суол, агар илоҷи бо як ҷумла ҷавоб додан бошад, пас гуфтаниам: ман аз офаридаҳои устод пеш аз ҳама равшан ифода кардани фикр, ё худ дар ин роҳ кӯшиданро омӯхтаам, ки барои ҳар фарди қаламкаш ниҳоят зарур аст. Сабақ гирифтан аз мактаби Айнӣ охир надорад. Эҷодиёти ӯро хосса нависандагоне бояд хубтар омӯзанд, ки хешро мудом дар баланди мебинандду маҳдуд ба воқеабофианд. Ва ҳатто намедонанд: бо ин ё он роману повест ё ҳикояҳои хурд чӣ гуфтан мехоҳанд.

Акнун ҷавоб ба саволи сеюми шумо. Дар миёни сабку услуби эҷоди устод Айнӣ ва насри муосир пайванди асосӣ аз идораи ҳамон усули таҳия ва пайҳам тасвир шудани воқеаҳо ба назар мерасад. Аммо ин тасвири воқеа, боз... бофтан ва бофта тавонистан ҳанӯз каманд. Воқеаро ба ҳадаф овардан мебояд. Матои худро ба тору пуди афкору андеша оро дода, чунон мустаҳкам бофтан мебояд, ки қабули хотири ҳар як хонандаи нуктадон гардад. Хуб мебуд, агар инро ҳам аз устод меомӯхтем.

Гап дар сари тафовут бошад, вай, ба фикрам чунин аст: имрӯз дар адабиёти тоҷик нависандагоне ҳастанд, ки дар оростагии забон, созмони асар, эътибор ва олами ботинии инсон ва ғайра тавфиқ ёфтаанд. Ин як амри воҷиб — адабиёт сол то сол ба камол мерасад. Ба хусус забон давра ба давра суфта мешавад. Вай аслан чун дарёст, ки раҳораҳ худро соф мекунад. Ва, албатта, ҳар як санъаткор ба паҳлуҳои зиндагӣ ва мураккабихон он назари тоза дорад. Дар акси ҳол чӣ

пешина
аз 275
навбатӣ