Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
ФАЙЗИ МУСИҚӢ
Одаме, ки ба ӯ мусиқӣ асар мекунад, одаме, ки аз суруду навоҳои дилангез ба завқ меояд, одаме, ки аз савту оҳангҳои ҳақиқӣ лаззат мебарад, бешубҳа одами покдил, соҳибзавку равшанзамир аст. Ин нукта аз қадимулайём маълум аст ва дурустии он дар ҳаёти ҳамарӯза ба мушоҳида мерасад. Мусиқидонӣ ва мусиқифаҳмӣ аз беҳтарин фазилатҳои инсонист... Ҳангоми омӯхтани тарҷумаи ҳоли классикони адабиёти форсу тоҷик, олимон, мутафаккирон ҳатман чунин ҷумларо мехонем: «аз тамоми илмҳои замонааш баҳравар буд». Ва дар қатори дигар илмҳо аз илми мусиқӣ ҳам ном мебаранд. Дар боби эҷодиёти аксари онҳо бошад, «фалон асараш доир ба мусиқист» гуфта қайд кардаанд. Чунон ки медонем, ҳар кадоме чун намояндагони пешқадами даврони худ дар баробари дигар илмҳо мусиқиро ҳам чуқур омӯхта, барои инкишофи он саҳм гузоштаанд.
Имрӯз ҳам бисёр бачагони фориғ аз дарс дар машғулиятҳои гуногуни мактабҳои мусиқӣ иштирок мекунанд. Оянда санъаткор шудани ҳамаи онҳо шарт нест. Аз ҳама асосияш ҳамин ки онҳо одамони аз ҳар ҷиҳат замонавӣ шуда, ба воя мерасанд, сирру асрори мусиқиро мефаҳмидагӣ, ба маънои томаш аз мусиқӣ лаззат бурда метавонистагӣ мешаванд, ки худи ҳамин ҳам бахти бузург аст. Суруду мусиқӣ хосияту шарофатҳои бисёре дорад. Вай ба кас қувваю рӯҳи тоза ато мекунад, хастагиро аз хотир мебарояд, занги дилро тоза ва ғаму андӯҳро сабук мегардонад, қалбҳоро ба ҷӯш меорад, ба шахс шодию сурур, умеду боварию илҳом мебахшад, ба корнамоию қаҳрамониҳо водор месозад. (220 калима)
Нозирҷон Боҳирӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё