Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Вазифаи аломати вергул ва нуқтавергулро шарҳ диҳед.

МИЛЛАТИ ТОҶИК

Чунон аз истиқлол суҳбат ба миён меояд, пеши назарам таърихи пурфоҷиаву хуншори миллати тоҷик падидор мешавад; миллате, ки Худованд ӯро рӯи замини паҳновар, ҳосилхезу пурфайз, дар канори рӯдҳои хурӯшон, чашмасорони зулолу ҷӯшон, дар оғӯши кӯҳсорони пурганчу дарахтзорони пурмева ҷой дод; миллате, ки хиради кашфи асрор, ҷилои истеъдоди фавқулодда ва шоҳкориҳои фарзандони нобиғааш аз қаъри асрҳо то ҳанӯз оламиёнро дар ҳайрат гузошт; мардуме, ки чун офаранда ва ғизобахши маънии дар маснади сарчашмаи тамаддуни башарӣ нишаст; тоҷике, ки ҳазорон сол пеш қасру шаҳрҳо бунёд кард; пойдевори нахустин давлату вазоратҳоро гузошт, бо дили нарм ва пур аз меҳру шафқат бо қавму қабилаҳои кӯчманчиву саҳронишин тарзу усули зиндагии инсонвор, маданияти истифода аз неъматҳои табиатро омӯзонд; қавме, ки рушди илму адаб, риояи адлу инсоф ва ишқу вафоро парчаму ҳадафи рӯзгори абадӣ донист... (127 калима)
Абдулҳамид Самад

пешина
аз 275
навбатӣ