Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд
- Валлоҳ, ки чӣ хуб – ин писари ман шоир шудааст! Воқеан ҳам, шеър бе образи муносиб ҷон надорад. Ман борҳо дидаам, ки кӯдакон дар суҳбати худ бештар аз ташбеҳу тамсил истифода мебаранд, яъне бо образ фикр мекунанд. Шояд аз ин рӯ беҳуда нагуфтаанд: шоир, умуман ҳар шахси эҷодкор аз дидани бисёр чизҳо бояд кӯдаквор ба ҳайрат ояд. Чунки аввало маҳсули ҳамин ҳолати пок аст ҳар навъи санъат. (130 калима)
Саттор Турсун
23
Зарфи тарзи амалро аз матн нишон диҳед.
УСТО
Дар миёнҷои маҳаллаи мо устохонаи Далабойамаки луредгар воқеъ шуда буд. Усто марди пиракии қоқинае буда, дастҳои бақувват ва риши кулутуи сафед дошт. Оила надошт, хурду хобаш ҳам дар устохона буд. Аз пагоҳӣ то бегоҳӣ чӯб арра мекард, ранда мекард, метарошид: катҳо месохт, торчӯб – либосовезакҳои хонагӣ метарошид, барои дари хонаҳо лӯкидон – кулфҳои чӯбин, қуттичаҳо, сарпӯши дег, сандалиҳо месохт. Дар маҳалла ҳеҷ як иморат бе мадади Дадабойамак сохта намешуд. Мо, бачагон ба устохонаи вай рафта, корашро тамошо мекардем. Усто ба бачагони деҳа бисёр улфат буд ва ҳар гоҳ ки бачагон наздош меомаданд, хурсанд мешуд. Вай кор карда истода, ба мо ҳикояҳои ғалатӣ мегуфт ва аз чӯб одамча, асп, шутур, чилликҳо сохта медод, барои духтарбачагон гаҳворачаҳо сохта, чӯбакҳои махсусе тарошида медод, ки духтаракон ба он латта пӯшонда, лӯхтак месохтанд. (124 калима)
Сотим Улуғзода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё