Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Матинонро хонед, гӯед, ки бо кадом хусусиятҳояш аз услуби публисистӣ фарқ мекунад.

ГУСЕЛИ ТУҒРАЛ

Дар арки Регистони Самарқанд, дар саҳни мадрасаи Шердор мударрисони донишвар, шогирдони шеърпарвар, шоирони мӯътабар, бедилхонҳои мӯшикофу пардадар, мардуми соҳибназару аз сухан тоҷвар ҷамъ омада, шоири дӯстдошта ва олимақоми замони хеш — Муҳаммад Нақибхони Туғралро дуои хайр дода, ба Фалғар гусел мекунанд.

Регистону мадрасаи Шердор аз байти рангин, лутфи ширин ва хушгӯиҳои дилнишини мардони аҳли дард чун баҳри мармар мавҷ мезад.

ЯК шаб пеш шоири ҳассос ва мураттиби девони Туғрал — Қорӣ Масеҳои Тамҳид дар боғи худ зиёфат ороста буд. Дар ҳамон маърака азми ба диёри Фалғар сафар кардани Муҳаммад Нақибхонро фаҳмида, аҳд карданд, ки шоирро рӯзи дигар аз ҳамон ҷо, аз мадрасаи Шердор бо байтбараку шеърбозиҳо гусел мекунанд...

Маросими шеърбараку гусел давом кард. Қорӣ Масеҳо бо ин байти Бедил сафари Туғралро фотиҳа доданд:

Ту офтобу ҷаҳон ҷуз ба ҷустуҷӯи ту нест,
Баҳор дар назарам ғайри рангу бӯи ту нест.
Аз ин қаламрави Маҷнун касе намеҷӯшад,
Ки норасида ба фаҳмат, дар орзуи ту нест.

Илоҳо омин сиҳат рафта, саломат баргардед!

Нақибхон ба сӯи ҳама арзи тавозӯъ карда, шогирдон аспи самандашро омода карда буданд. Рафту лаҷоми асп гирифт ва пеш аз ки ба рӯи зини асп барояд, ба ҳамнишинон маҳзун рӯ оварда гуфт:

пешина
аз 275
навбатӣ