Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар як ҷойи роҳ, ки мошин барои обгирӣ истод, ҳарсанги калонеро дидам, ки гӯё касе бо алмос бурида бошад, айнан аз миёнааш кафида буду аз он ҷо қатра-қатра об мебаромад. (104 калима)

Пӯлод Толис

8 Матнро ифоданок қироат кунед. Муайянкунандаҳоятонро ёфта, бо кадом ҳиссаи нутқ ифода шуданашонро шарҳ диҳед.

ДАР САРИ ДАСТАРХОН

Ашӯр пештар омада, боз дид, ки дар дасти Иброҳимбек қалёни мисӣ, дар миёни болиштҳо дастархони беқасабе густурда шуда, рӯйи он пур аз хӯрданиҳост. Вай дар ҷойи худ меистаду ба хоҷа арзи салом мекунад. Хоҷа бо саломи ӯ бо хушнудӣ ҷавоб мегардонад ва мегӯяд:
— Биншину бихӯр.
Хомӯшона таом мехӯранд.
Хоҷа, монанди одаме, ки шикамаш аз дирӯз боз сер аст, таомро кам-кам мегирифту ба оҳистагӣ мехӯрд, аммо меҳмон ҳангоми таомхӯрӣ кӯшиш мекард, ки гушнагии чандинрӯзаи худро ошкор накунад.
— Гир, гир, — гуфт Иброҳимбек, — шарм надор.
— Ман шарм намедорам. Хӯрда истодаам.
— Бешак, фикр мекунам, ки аҳволи шумоён чандон хуб нест.
— Душвортар аст, — эътироф мекунад Ашӯр. (103 калима)

Ҳабибулло Назаров

пешина
аз 275
навбатӣ