Зеҳн
Диктант ва нақли хаттӣ (барои синфҳои 5-11)

Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 8 октябри 2026 · 275 саҳифа · 1 писанд

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Гӯед, ки муайянкунандаҳо ба эзоҳи кадом аъзои ҷумла омадаанд.

МАНЗАРАИ БАҲОР

Дар сар то сари шаҳр ва талу теппаҳои сабзпӯши ҳамшафати он баҳори хурраму зебоманзар подшоҳӣ мекард. Паррандагони сабукбол дар осмони мусаффои болои шаҳр, дар танаву навдаҳои қоматбаланд озодона сайру гашт доштанд, ҷув-ҷуву чириқ-чириқкунон ба ҳамдигар садо медоданд. Қад-қади алафзори пуштаи тали ҷониби машриқ аспи сафеде гӯё баъди гузашти хунукиҳои сахт, баъди ҷудоиву маҳрумиятҳо... ҷуфти худро кофта-кофта ҳамин ҷо ёфта бошад, мастона шиҳакашон рӯболо медавид. Растаҳои тозаву озода, ки чашми пирамард аз тамошояшон об мехӯрд ва насими рӯҳбахш, ки тораҳои риши кулӯтаашро дар панҷаи худ навозишкорона бозӣ медоронд, табъи ӯро болонда, дар сараш хаёлоти хуш — ёди рӯзҳои гузаштаро бедор мекарданд. (104 калима)

Неъматулло Худойбахш

7 Аз порчаи зерин ҷумлаҳои мураккабро ҷудо кунед.

ХАРСАНГҲОИ КӮҲСОР

Кӯҳҳои азими осмонҳарош ва сокитро дида, ман худро беандоза хурд ва мӯрчавор заиф ҳис мекардам. Дар баробари ин як шавқ, як шодие ҳам буд, ки аз он дилам гум мезад, беихтиёр дар чашмонам об чарх мезад. Чӣ қуввае дорад табиат, ки чунин кӯҳҳои азим ва осмонбӯс сохтааст!..
Баъзан харсангҳои аҷоиберо медидам, ки бо шакли худ ҳар хел ҳайвонотро ба хотир меоварданд. Ана, он харсанг ба сари гӯсфанди кӯчқор монанд аст, ана инаш каллаи уштурро ба ёд меоварад...

пешина
аз 275
навбатӣ