Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Вайс Каримов
сариқтисодчии хоҷагии ҷангал
БО НИЯТИ НЕК
Беш аз панҷ сол боз ман бо пири кор, собиқадори меҳнат Маҳкамбой Ҷӯраев ҳамкор мебошам. Дар ин муддат мушоҳида кардам, ки устоди ҷангалпарварон М. Ҷӯраев беҳтарин донандаи касби хеш гаштаанд. Ҳар гоҳе, ки ба симои нуронӣ ва гоҳе ҷиддию андешаманди вай менигарам пеши рӯям инсоне падидор мегардад, ки умри азизи худро сарфи роҳи некиву накӯкорӣ намудааст.
Охир, М. Ҷӯраев тамоми умр дар як ҷо «Хоҷагии ҷангал» кору фаъолият кардааст. Қариб ҳар як долу дарахт, роҳу пайроҳа ва гулу буттаҳои боғ ва хоҷагӣ барои ӯ азизу шинос мебошад. Хаёлам М. Ҷӯраев ҳамнафасу дардошнои табиат аст. Зеро ҳастии атрофро ҳис мекунад ва аз обу ҳавои тозаву мусаффо нафас кашиданро дӯст медорад. Ҳоло бисёр дастаниҳолони бунёдкардаи Маҳкамбой Ҷӯраев бор овардаанд ва баъзеи онҳо пир шудаанд. М. Чураев ба шоҳу панҷаҳои пири дарахтон нигариста умри худро бо онҳо қиёс месозаду зери лаб оҳиста пичиррос мезанад: – табиатро замини бобоиро дӯст доред, зеро обу хоку замин муқаддас ва абадӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё