Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Сафар Ибронов
муовини директори Хоҷагии ҷангал ва
боғи фарҳангӣ — истироҳатии «Ғалаба»
ҲОМИИ ҶАНГАЛ
Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ орзуи корманди
соҳаи ҷангалу табиат шуданро дар дил
мепарваридам. Баъди хатми Донишгоҳи
кишоварзӣ ин орзуям ҷомаи амал пӯшиду инак
солиёни зиёдест, ки дар ин самт кору фаъолият
дорам.
Ҳар гоҳе нисбати кору вазифаам андеша намоям
беихтиёр симои устод, мураббӣ Маҳкам Ҷӯраев
пеши назарам меояд. Зеро аз соли 1995 инҷониб
қариб ҳар рӯз бо ҳам вомехӯрем ва якҷоя
нақшаҳои муайяншударо амалӣ мекунем.
Устод Маҳкам Ҷӯраев дар ҳақиқат ҳомии ҷангал, сарсупурдаи роҳи ҳифзи табиат аст. Ӯ ҳамеша ба мо шогирдон дӯст доштани табиатро талқин карда, мекушад, ки чун мутахассиси кордон вазифаи худро ба сомон расонем.
Аз тақдирам розиям, ки бо чунин инсони поку дарёдил ҳамкорӣ дорам. Ман чун шогирд ба дастниҳолон, боғоти бунёдкардаи Маҳкам Ҷӯраев нигариста, шод мегардем, зеро ӯ ин ниҳолону боғҳоро чун нақш аз худ ба насли имрӯза мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё