Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
Дар хона падар гули сари сабади тамоми маъракаҳо мебошанд. Падарам ягон лаҳзаи умри хешро беҳуда намегузаронад.
Аз рӯи одати деринааш ҳоло низ мо фарзандонро ба покиву ҷавонмаррдӣ ҳидоят сохта таъкид дорад, ки ҳамеша баобрӯю иззатманду сарбаланд бошем.
Ҳар инсон бояд аз пушти касбу ҳунари хеш дар зиндагӣ нони ҳалол ёфта хӯрад, мегӯяд падарам. Ин панди падар шиори ман дар ҳаёт гаштааст. Ҳар гоҳе, ки дар хоҷагии ҷангал ба натиҷаи фаъолияти чиҳилсолаи падар ошно мегардам, дилам лабрези шодию фараҳ мешавад. Меболам, ки падарам ҳоло низ дар қатори ҷавонҳо кору фаъолият дорад. Касбашро дӯст дошта соатҳои дароз ба ниҳолшинонӣ, ободонии хоҷагӣ шуғл меварзад. Ҳамин тавр, панду насиҳатҳои падарам сабақи рӯзгори ман аст. Падарам ҳамеша ҷонибдори ҳақиқату адолат мебошад. Ӯ дар зиндагӣ одамони дурӯя, коргурезро чашми дидан надорад. Ана ҳамин панду ҳикматҳои падар рӯшангари фардои роҳи мо фарзандон аст.
Хушбахтии мо фарзандон аст, ки зери ҳимоя ва дуои неки падарамон соҳиби маълумот, ҷои кору касб шудаем. Падарамон мисли офтоби болои сар ҳамеша дар паҳлӯи мост. Кош дасти дуои падар то абад моро дар ҳаёт раҳнамун бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё