Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шукрулло Хокироев;
Фарангиси Ризодухт
наберагони Бобои Маҳкам

НИҲОЛЕ КИ ПЕШИНАГОН КОШТАНД...

Зиндагии инсонӣ басе шебу фарозҳо, пастиву баландиҳо дорад, ки ин шебу фарозҳои зиндагиро на ҳар шахс дар тӯли ҳаёти хеш сарбаландона паси сар мекунад.

Зиндагӣ бо ҳар роҳу маҷрое ҷараён мегирад. Рӯзҳову моҳҳо ва солҳо паси ҳам чун оби дарё, чун шафақи субҳ ва чун лағшиши ситорае, бебозгашт ва нотакрор сипарӣ мешаванд. Оре, ҳар лаҳзаи ширину нотакрори умре, ки мегузарад, бозпас нахоҳад гашт. Афсуси он шахс, ки ин лаҳзаҳои нотакрори зиндагиро бесуду барабас аз даст дода, ба қимати умри хеш намерасад. Қонуни нонавиштаи табиат ва ҳақиқати ҳаётро ҳамагон хуб эҳсос мекунем. Вале на ҳама ба қадру қимати умр, ба қадри ҳар даму ҳар лаҳзаи ҳаёти биҳиштосо, ки насибамон гардидааст, мерасем. Ҳамчунин на ҳамаи инсонҳо дар зиндагӣ ин умри кӯтоҳу азизи худро сарфи амали хайру ободонӣ, одаму одамгарӣ менамоянд. Барои инсони шарафманд кори неку амали хайр беҳтарин маҳсули зиндагӣ, нишони ҳурмату эҳтиром барои ҷамъияту пасояндагон аст. Хушбахт он касест, ки

пешина
аз 82
навбатӣ