Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
ба замин нағз муомила кунӣ, ҳалолу пок меҳнат созӣ, он дари ганҷашро ба рӯят мекушояд. Табиат неъмати худодод аст, ҳар замон таъкид дошт амаки Ҷӯрабой. Мо ҳама фарзанди ҳамин хоку табиатем, дар оғӯши биҳиштсои вай калон шуда ба воя мерасем. Аз неъматҳои табиат баҳра мебарем, меваю зироаташро нӯши ҷон мекунем. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин атои Парвардигор расем, — ҳар замон таъкид мекард амаки Ҷӯрабой. Маҳкам аз ҳамон давра бо ҳидояту дуои падар ғоибона ошиқи табиату ҷангали диёр гашт ва дар дил азм кард, ки агар калон шавад, тақдирашро ба бешазору табиати афсункор мебахшаду ҳатман ҷангалпарвариро пеша месозад...
Онҳо дар оила панҷ бародар буданд. Давлат кишоварз шуду Қурбон ронанда. Аммо тақдири Маҳкам дигар буд. Гӯё ӯ пайроҳаҳои ояндаашро пешакӣ муайян карда буд, ки дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил карда вақтҳои фориғ аз дарс ҳамеша дар домани кӯҳу дара мегашт. Дар кӯталу нишебиҳои кӯҳистон қадам зада, аз зебогиҳои зодгоҳаш лаззат мебурд. Айёми мактабхонӣ ҳамсинфонаш Гулназар Келдӣ, Абдураҳим Холов, Эркин Муҳиддинов ва дигарҳо пайхас мекарданд, ки ӯ бештари вақташро дар оғӯши табиат сипарӣ месозад. Маҳкамро рӯду чашма, навои паррандаҳои кӯҳӣ ба ваҷд овард. Соатҳои дароз назди рӯди равон нишаста, афсонагӯӣ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё