Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

дарахт нишаста сӯҳбату чақ – чақ мекарданд, дарахти пир шод мегашт. Хурсанд мешуд, ки одамон дар зери шохаҳои вай дам мегиранд. Ҳатто буданд соатҳое, ки ошиқон ба зери дарахт омада рози дил мекарданд. Номаҳои ошиқона иншо карда аҳди дӯстии якумрӣ мебастанд...

Ҳоло аз шоҳиди ҳамаи ин розу созҳо дарахти пир ҳамагӣ кундае боқӣ мондаасту тамом. Охир дарахти пир ҳеҷ умедвор набуд, ки охирон боз аз дасти беинсофе ин олами зеборо падруд мегӯяд. Акаи Маҳкамро сарнавишти пурфоҷиаи дарахт ба олами андешаҳои бесарунук, беохири бачагию наврасӣ бурд. Ӯ дар оинаи зиндагии кӯтоҳи дастниҳолонаш умри гузаштаи худро дид. Боз олами андешаҳо ӯро гиребонгир гашта оромаш нагузошт. Хаёле мавҷи андешаҳояш дар зодгоҳаш кӯҳистони ноҳияи Айнӣ сайругашт дошт...

Ӯ хеле барвақт, айёми мактабхонӣ медид, ки падараш амаки Ҷӯрабой марди баобрӯи деҳа аст. Донист, ки сирри пешрафту муваффақиятҳои падар дар меҳнати ҳалол, заҳмату талоши доимии вай нуҳуфтааст. Охир амаки Ҷӯрабой дар хоҷагии ба номи Свердлов яке аз бригадирҳои номдор маҳсуб ёфта, соле набуд, ки аз иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ мужда нарасонад. Маҳкам маҳз аз падараш, аввалин сабақи зиндагиро омӯхтааст. Падар ҳамеша таъкид дошт, ки танҳо замин, обу хок ба инсон обрӯй, иззату икром ато месозад. Агар

пешина
аз 82
навбатӣ