Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
-
Амрулло, биёед, гӯён баъди вохӯрӣ аз ҳолу аҳволам пурсон шуд.
-
Ташаккур устод. Ман наздатон бо як маслиҳат омадам.
-
Марҳамат, аз дастам ояд, ҳамеша омодаам ба шогирдон кӯмак намоям - гуфт ҳазломез акаи Маҳкам.
-
Устод маро ба вазифаи муҳандиси хоҷагии ҷангал пешбарӣ карданд. Ҳайронам, розӣ шавам ё не. Раваду аз уҳдааш набароям, он гоҳ чӣ мешавад?
Акаи Маҳкам каме ба фикр фурӯ рафта илова кард:
- Аз ин таклиф огоҳам. Ман аз шумо барин шогирд боварӣ ва умеди калон дорам. Иншооллоҳ аз уҳдаи ҳар касбу ҳунар мебарой, албатта. Маҳкам Ҷӯраев бо ман падарвор маслиҳатҳо дода роҳи сафед орзу кард. Ӯ бо ҳавас дар бораи ҷангал, роҳи тайкардааш нақл мекарду ҳаваси ман меомад. Ба тааҷҷуб меомадам, ки чи хел вай беш аз чихил соли умрашро дар як идора, яъне хоҷагии ҷангал сипарӣ кардааст.
Ҳоло синни акаи Маҳкам аз 60 гузашта бошад ҳам, ҳамеша дар паҳлӯи мо шогирдон мебошад. Чун пештара моро ба дӯст доштани ҷангалу сарватҳои табиат ҳидоят месозад. Ҳамин, ки акаи Маҳкам фориг аз кор гашт, ҳатман мо шогирдонро паҳлӯяш ҷамъ карда дар бораи бурду бохти соҳаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё