Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Амрулло Боқиев
Муҳандиси хоҷагии ҷангал
ва боғи фарҳангӣ - истироҳатии
«Ғалаба» - и шаҳри Душанбе

ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ...

Ҷабри устод, беҳ аз меҳри падар гуфтаанд. Оре, дар ҳар кору шуғли асосӣ инсонро ҳамеша устод, яъне маслиҳатчӣ, ғамхору мададгор зарур аст.

Ва ман ҳар гоҳе, ки бо ифтихор номи устодро ба забон мегирам, беихтиёр устоди азизам сарҷангалпарвари хоҷагӣ Маҳкам Ҷӯраев пеши назарам меояд. Шукр мекунам, ки тақдиру насиб моро бо чунин марди дарёдил, устоди кору меҳнат рӯ ба рӯ кардааст.

Аз соли 1992 - юм бо Маҳкам Ҷӯраев ҳамкор ҳастам. Дар ин муддат ман пайваста аз устодам сабақи кору меҳнат гирифтаам. Устод Маҳкам Ҷӯраев дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мебошад. Ҳамеша кӯшиш доранд, ки ба шогирд дар ҳар гуна маврид пуштибону мададгор бошанд. Манро дар хоҷагии ҷангал ба вазифаи муҳандисӣ пешбарӣ карданду барои маслиҳат назди устод пири кор Маҳкам Ҷӯраев даромадам. Ҳамин, ки вориди утоқи кории вай шудам, Маҳкам Ҷӯраев манро бо дилу дидаи хандон истиқбол гирифт.

пешина
аз 82
навбатӣ