Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ниҳолҳои гуногуни сояафкану ороишӣ ва соли 2005 беш аз 75 ҳазор долу дарахти гуногун шинондаанд.

Ҳамин ки фасли зебои сол баҳори фархундапай омад, талу пуштаҳои хоҷагии ҷангал зебову мунаққаш гашта, табиат ба сад ранг ба ҷилва меояд. Ӯ баҳор бо дӯстонаш Амрулло Боқиев, Аҳмад Қурбонов, Мирзоалӣ Ҳасанов, Зубайдулло Шукруллоев, Қиёмиддин Ҷалолов ба домани пуштаҳо баромада аз тамошои атроф лаззат мебаранд. Ӯ аз чеҳраи дӯстонаш шод гашта, шукр мекунад, ки дар тӯли чиҳил соли корӣ садҳо дӯстони ҷонӣ пайдо кардааст. Зеро бо дӯстон худашро хушбахт дида, ифтихор мекунад, ки дар пастиву баландиҳои ҳаёт ёру мададгори ҳамдигар мебошанд. Дар ин фасли зебо хаёлаш пар мекашад. Мехоҳад мисли мурғони чаман баланд парвоз созаду васфи ёру диёр, табиат кунад.

Ин дам қалби саршори акаи Маҳкам Ҷӯраев фидои ёру дӯст асту мисли кошонааш ба рӯи инсонҳои нек кушода аст:

Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

пешина
аз 82
навбатӣ