Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа
ҳифзи табиат» омадааст:
«Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, солимгардонии муҳити зист вазифаи умумидавлатӣ, кори тамоми мардум ва қарзи маънавии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бо таъмини манфиатҳои экологии ҷумҳурӣ бо назардошти пайвастагии илман асосноки инкишофи фаъолияти хоҷагӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат, сарватҳои он, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи кафолатноки ҳуқуқи инсон барои муҳити солиму мусоиди зиндагӣ нигаронида шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҳамкории васею самарабахши байналхалқиро бо мақсади эмин доштани табиати замин ва муқаррар намудани амнияти умумӣ ва пурраи экологии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба асос мегирад».
Маҳкам Ҷӯраев дар тӯли фаъолияти ҳаррӯзаи корӣ аз дастурамалҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, ҳуҷҷатҳои лозима, инчунин Қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи ҳифзи табиат» самаранок истифода бурдааст. Ҳангоми тартиб додани санаду ҳуҷҷатҳои даврӣ пеш аз ҳама иҷрои қонуни мазкурро дар ҷои аввал мемонад.
Соҳаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё