Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

роҳи ҷангал шаҳр равад, яке нохост нигоҳаш дар қади дара ба нафаре афтод, ки дарахтеро бурида истодааст. Ҷавони миёнаумре бо шитоб ба бехи навниҳол табар мезад. Ҳатто ӯ аз саросемагӣ чӣ тавр наздик омадани акаи Маҳкамро нафаҳмида монд. Ҳамин ки чашми табарбадаст ба ҳомии ҷангал афтод, ҳайрон монда мисли одами дар ҷояш мехкӯбшуда ҳайкалвор шах шуд. Ӯ ки акаи Маҳкамро нағз мешинохт, ки чӣ гуфтанашро надонист.

  • Ҳа, писари нағз, дар рӯзи равшан дарахт мебурӣ - хомӯширо халалдор карда гуфт акаи Маҳкам.

  • Мебахшед, амак, хостам барои ҳезум олав хона барам, ду рӯз боз барқ нест, лаб хоид ҷавон.

Акаи Маҳкам хост танбеҳи ҷавонро диҳад ё ҷарима ситонад. Аммо ким-чизе ба хотираш расиду каме ранҷидахотирона гуфт:

  • Биё рафтем, аз ҳавлиям ҳезум медиҳам. Аз соли гузашта ду-се кунда ҳаст, мебарӣ.

Чунин ҳодисаю воқеаҳо дар ҳаёти Маҳкам Ҷӯраев хеле зиёд рух додаанд, ӯ бо киҳое вонахӯрдааст. Ҳам одамони риёкору харобкори табиатро дидаасту ҳам ошиқони табиат, дашту ҳомунро.

Лекин дар ҳама ҳолат якдигарфаҳмӣ, кордонию масъулиятшиносӣ ғалаба кардааст. Ӯ бо ҳамдастии аҳли хоҷагӣ корҳои зиёде ба субут расондааст. Хоҷагӣ танҳо соли 2004 56 ҳазор бех

пешина
аз 82
навбатӣ