Зеҳн
Посдори табиат

Китоб ба ҳифзи муҳити зист ва пос доштани сарватҳои табиӣ бахшида шудааст. Он аҳамияти экологияро шарҳ медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 82 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Худи пири ҳунар Маҳкам Ҷӯраев, ки инсони комилу дардошно аст, шогирдони вай ин хислати ӯро идома додаанд. «Устод чӣ гуна? – шогирд намуна». Барҳақ ӯ низ миёни шогирдон маҳбубият дорад. Бисёр кормандони ҷавони хоҷагии ҷангал худро шогирдони ҳақиқии Маҳкам Ҷӯраев медонанд ва бо ин ном ифтихор ҳам доранд.

Маҳкам Ҷӯраев дар ҳақиқат таҷрибаи бои ҷангалпарварӣ дорад, дар тӯли беш аз чиҳил соли фаъолияти корӣ дар кадом қитъа кадом намуди гулу бута ё ниҳол шинондан, мӯҳлати обёрӣ ва ғизо доданро хеле хуб медонад. Ба навъи гулу ниҳол аҳамият медиҳад. Агар огоҳ шавад, ки ба боғи ботаникӣ ё пажӯҳишгоҳи илмии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҷангал ягон намуди нави бутта ё дарахт аз хориҷа овардаанду серҳосилу зебост, дарҳол аз паи дастрас кардани он мешавад. Мехоҳад хоҷагии ҷангали Қамчин аз дигар хоҷагиҳо фарқ кунаду он чун маркази навниҳолони ҳамешасабз боқӣ монад.

  • Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд, мегӯяд акаи Маҳкам. Бо вуҷуди таҷрибаи бои ҷангалпарварӣ доштан аз мутахассисону табиатшиносон доим маслиҳат мепурсад. Зеро дарк мекунад, ки «ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» гуфтаанд. Ногуфта намонад, ки акаи Маҳкам хонаи ободу рӯзгори шод дорад. Ӯ шукри бахти хонадон карда, ҳар иду маросимҳои суннатӣ гирди дастархони пурнозу
пешина
аз 82
навбатӣ