Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

китобҳоро бихонад, таҷрибаю малакаи муҳандисинро омӯзад. Минбаъд шоҳроҳи ҳаёти ӯ ба ҳамин минвол бояд матраҳ бишаваду мустақим биравад ва дар он сари мӯе ҳам набояд гардишу дигаргунӣ бошад.

Ҳине ки Амрулло дар курси дуюм таҳсил дошт, декани факултети энергетика ба гурӯҳи онҳо сабак омӯхт. Рӯзе декан баъди дарс Амруллоро ба дафтари кори худ даъват намуд.

  • Устоди арҷманд, ба хаёлам, шумо ҳадафи маро фаҳмиданӣ ҳастед, - баъд аз пурсу пос гуфт Амрулло, - барои чӣ ман ҳамон вақт барномаи таълимии факултетҳои энергетикаи мамлакатро пурсон шудам? Сабаби бо он савол ба шумо муроҷиат карданамро дар мулоқоти авваламон нагуфта будам, аммо акнун мегӯям.

  • Офарин, шогирди хушзеҳнам, - хушҳол шуд декан, - ман айнан ҳаминро фаҳмидан мехостам, чаро шумо чунин савол додед, дар ин хусус ман бисёр фикр кардам. Лекин ман дар бораатон ақидаи мусбӣ дорам, баъди ҳамон саволатон ба хулосае омадам, ки шумо ба қадри илму дониш ва ба қадри хондан мерасед.

  • Ташаккур устод, барои баҳои баландатон, ба ин камина, ташаккур. Чандин сол боз маро масъалаи ғайриқаноатбахш камол ёфтани кадрҳои соҳаи энергетика дар ҷумҳуриамон азоб медиҳад. Дар сохтмони неругоҳ, албатта, иҷрои тамоми корҳо аз оғоз то анҷом муҳиманд. Лекин васлу насби чархаҳои неругоҳ тоҷи сари ҳамаи ин корҳо мебошад. Вақте ки неругоҳи Варзобро месохтанд, ҳанӯз муҳандисони тоҷик ба камол нарасида буданд, ки васлу насби чархаҳои неругоҳро анҷом диҳанд. Фарз кардем, ки солҳои сохтмони силсиланеругоҳҳои водии Вахш ҳам мутахассисони мо ба ин корҳо тайёр набуданд. Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон соли панҷоҳу шаш таъсис ёфта, аз ҳамон вақт боз факултети энергетикаи он кадрҳои муҳандисинро бо барномаи ягона таълим медод

пешина
аз 216
навбатӣ