Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Алҳол ин вазифаҳо банд мебошанд, - суханони худро тамом намуд Мигуренко ва дигар ба ҷониби Амрулло нигоҳе ҳам накарда, ба берун баромад ва ба мошини хизматии худ савор шуда, дунболай кори зарураш рафтагор гардид.

Мигуренко бо ин суханони худ ба сари Амрулло гӯё як сатил оби сарди Вахшро рехт. Вале аҷоибаш дар он буд, ки аз ин оби сард сару тани вай хунук нахӯрда, балки баръакс ончунон тафсид, ки гӯё ба ҷисму ҷонаш оташ афганда бошанд. Бо ин муомилаи роҳбари муассисаи баландпояи ленинградӣ масъалаи чигили дар ниҳоди Амрулло ниҳонбуда боз ҳам чигилтару пургирехтар шуд.
Вале ин ҷавони покизасиришти тоҷик аз Мигуренко заррае ҳам озурда нагардид. Зеро Амрулло нағз воқиф буд, ки Валерий Ростиславович комилан суханони ҳақро гуфтааст. «Вақте ки тоҷикон дар муассисаи «Спецгидроэнергомонтаж»-и ӯ фақат бо корҳои ронандагию анбордорӣ ва бо тавзеҳи сӯзишворӣ машғул бошанд, пас ӯ чӣ ҳам бигӯяд», ба дил гузаронд Амрулло. «Агар одам амиқ фикр кунад, танҳо унвони ин корхона як ҷаҳон маъною мазмун дорад. Аслан аз ҳамин унвони муассиса низ маълум аст, ки масъулину мутахассисини он бо чӣ корҳои муҳим ва баланд шуғл доранд», - боз ҳам дар замир таҳлил намуд Амрулло. «Бале, бо корҳои муҳим ва баланд машғул ҳастанд, вале машғулияташон дастнорас нест.
Кормандони «Спецгидроэнергомонтаж» одамони фавқулода нестанд, балки инсонҳои хоксору заминианд. Мо ҳам мисли онҳо калла дорем, соҳибони ақлу фаросат, дасту поҳо ҳастем. Худои бузургвор дар вуҷуди мо низ тамоми қудрату имкониятҳоро сириштааст. Ба лутфу инояти Кирдигор бояд шукрона гӯему онҳоро саҳеҳ истифода намоем.
Ба манфиати халқи маҳбубамон ва ободии диёри азизамон кор бикунем...»

Амрулло бо ҳамин андешаҳо дар дил қатъиян ба худ
қавлу қарор дод, ки бояд ҷиддан таҳсил намояд, рисолаю

пешина
аз 216
навбатӣ