Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

Ӯ боз ҳам дасти рост пеши бар гирифта, аз ҷояш бархост ва ба тарафи дари баромад ҳаракат намуд.

«Ҳайратангез, - гуфт декани факултаи энергетика баъ-ди баромада рафтани Амрулло, - хеле ҳайратангез аст, ки донишҷӯйи оянда чунин савол медиҳад. Ман ҳеҷ дар ёд надорам, ки донишҷӯён ба ин зайл кунҷкоб бошанд, ба ин ҳад кунҷкоб будани ҷавони доништалаб, албатта, ягон са-баб дорад. Лекин вай сабаби чунин пурсуҷӯи худро на-гуфт, аҳа, нагуфт, ин донишҷӯи оянда бояд хеле пеш равад, муҳандиси ҳақиқии соҳаи гидроэнергетика шавад», - декан ба як нуқта хаёлангез назар афканд.

Амрулло сирру савдои дар ботин гиреҳбастаро укла-кушо накарда бошад ҳам, тахмини декан саҳеҳ буд. Аслан ӯ медонист, ки донишҷӯёни факултаҳои энергетикаи до-нишгоҳҳои мамлакат аз як китоб сабак меомӯзанд, барно-ма тафрика надорад. Вале барои ба ин масъала маълумоти боз пурратар пайдо намудан ба декан бо саволи фавқ муроҷиат карда буд. Агар ҳақиқати гапро гӯем, дар дили Амрулло масъалаи хеле мушкилҳале кӯргиреҳ баста буд, ки ташрехи он ба ҳеҷ ваҷҳ ба ӯ муяссар намешуд. Тахмини декани факулта, ки ӯ устоди басе пуртаҷриба ва дониш-манд маҳсуб меёфт, дар ҳамин бобат дуруст буд. Декан чун саволи ғайриодии Амруллоро шунид, дарҳол аз олами ботинии ин донишҷӯйи ояндаи худ воқиф гардид.

Чандин сол боз Амрулло дар ин хусус андеша дошт, вале онро ба касе нагуфта буд, зеро бисёр мехост, ки ин масъаларо худаш ҳал намояд. Барои ҳалли ҳамин масъала ӯ тасмим гирифт, ки ҷои корашро тағйир диҳад, дар идо-раи «Спетсгидроэнергомонтаж» соҳиби ягон вазифа ша-вад. Он солҳо ин муассисаи баландмартаба ва пуркудрат дар шаҳри Ленинград ҷой дошт. (Зимнан ҳоло низ ҷойи он дар ҳамон шаҳр аст, вале алъон унвони он шаҳр ба аслу қадимиаш ниҳода шуда, Санкт-Петербург гардидааст). Дар сохтмони неругоҳи Роғун ҳамон вақт як шӯъбаи

пешина
аз 216
навбатӣ