Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ки таҳсили худро дар шӯъбаи ғоибонаи факултети энергетикаи Донишгоҳи политехникӣ идома бидиҳад. Вай дар дили худ орзуи азалие дошт, ки муҳандиси комили соҳаи барқ ва сохтмони неругоҳ шавад. Бо ҳамин ният ҳуҷҷатҳояшро мураттаб сохта, роҳи донишгоҳро пеш гирифт.
Қабл аз дохил шудан ба донишгоҳ Амрулло бо декани факултети энергетика мулоқот намуд, зеро ӯ дар дил як гиреҳе дошт.
-
Устоди муҳтарам, - муроҷиат кард Амрулло ба декани факулта, - ман аз шумо дар бораи як масъалаи бароям хеле мушкилфаҳм маълумот гирифтанӣ ҳастам.
-
Марҳамат, ҷавони нағз, - бо кушодарӯй посух дод декан, - канӣ, фаҳмем: чӣ хел масъала будааст он?
-
Ман донистан мехоҳам, ки барномаи таълими донишҷӯёни факултаҳои энергетикаи донишгоҳҳои политехникӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ якхелаю якранганд ё тафовут доранд?
-
Барномаи таълими донишҷӯёни факултаҳои энергетикаи донишгоҳҳои политехникӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ якхелаю якранг аст, - декан бо симои ҷиддӣ ҷавоб дод, - ҳам дар Душанбе, ҳам дар Маскав ва дар дигар шаҳрҳои мамлакатамон аз як китоб сабак меомӯзанд ва таълими як факултаи энергетика аз дигаре тафовут надорад. Барои чӣ шумо ин масъаларо донистанӣ ҳастед? Магар ягон мушкилоту муаммое пеш омад? Агар чунин муаммо бошад, гӯед, ҷавони хуб, ҳамроҳ барои ҳаллу фаслаш кӯшиш мекунем.
-
Не, устоди арҷманд, - даст пеши бар гирифта гуфт Амрулло, - ман фақат ягона будани барномаи таълими факултаҳои энергетикаро донистан мехостаму бас. Дигар мушкилоту муаммое нест, ташаккур барои ҷавоби қаноатбахшатон.
Амрулло мушкилоту муаммои дар замири дилаш ниҳонбударо ифшо кардан нахост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё